Чаро бояд истифода аз ниқоби тиббиро ҷиддӣ бигирем?
Мутахассиси бемориҳои сироятӣ ва гармсирӣ бар зарурати истифодаи ҳамаи афрод аз ниқоби тиббӣ барои ҷилавгирӣ аз интиқоли коронавирус таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ, доктор Шервини Шукуҳӣ гуфт: Агар ниқоби тиббӣ задан иҷборӣ шавад бисёр олӣ хоҳад буд, зеро дар ин шароит ниқоби тиббӣ намезанем, ки бемориро нагирем, балки ниқоби тиббӣ мезанем то агар бемор ҳастем ба дигарон мунтақил накунем.
Доктор Шукуҳӣ идома дод: Дар шароити феълӣ ниқоби тиббии маъмулӣ ва дастдӯз ҳам кофӣ аст ва ҳатман лозим нест стандарт бошад.
Узви ҳайати илмии Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштии Эрон гуфт: Агар ҳама ниқоби тиббӣ бизананд эҳтимоли инки қатраҳои танаффусии касе рӯи дастгираи дар ва сатҳ бошад бисёр кам хоҳад шуд ва ин ба нафъи ҳама аст.
Вай ҳамчунин гуфт дар ҳеҷ куҷои дунё наметавон гуфт, ки вирус чи замоне аз байн меравад зеро рафтори вируси корона аслан мушаххас нест.
Доктор Шукуҳӣ муҳимтарин иқдом барои муқобила бо коронаро ҷилавгирӣ аз эҷоди беморӣ унвон кард ва гуфт: Афроди бемор чи нишонадор ва чи бенишона набояд бо ҳам тамос дошта бошанд ва беҳтарин кор карантин аст.
Ин мутахассис ёдовар шуд: Бар хилофи тасаввури умум, ки мегӯянд корона кам шуда ва дар ҳоли аз байн рафтан аст, чунин мавзӯе исбот нашудааст.