Баёнияи маҷлиси Эрон; Маҳкумияти қатъномаи Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии энергии атомӣ
"Эрон ба унвони кишваре, ки дар таърихи ним қарни умри Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ " NPT" болотарин сатҳ аз ҳамкорӣ ва бештарин шаффофиятро бо ожонс доштааст, қатъномаи Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии энергии атомиро зиёдахоҳии ошкор медонад."
Намояндагони Маҷлиси шӯрои исломии Эрон рӯзи якшанбе бо судури баёнияе бо таъкид бар ин мавзеъ, қатъномаи зиддиэронии Шӯрои мудирони Ожонси байналмиллалии энергии атомиро маҳкум ва онро нишонаи дигаре аз вуҷуди табъизи сохторӣ дар ожонс унвон карданд.
Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии энергии атомӣ рӯзи ҷумъа /19 июн/ , қатъномаи пешниҳодшуда аз ҷониби се кишвари аврупоӣ дар бораи Эронро тасвиб кард. Шӯрои мудирон дар ин қатънома аз Эрон мехоҳад дастрасӣ ба ду маҳаллро барои ожонс фароҳам карда ва ба таври комил бо ин ниҳод ҳамкорӣ кунад. Ин дархости ғайримаъмулӣ дар ҳолест, ки асоси ин қатънома , иттилоот ва санадҳои сохтагӣ аст, ки аз тариқи амалиёти ҷосусии режеми саҳюнистӣ ба даст омадааст.
Баёнияи маҷлис, ки инъикосе аз хостаҳо ва мавозеъи миллати Эрон аст, бар нукоти муҳимме ишора дорад, ки илова бар ёдоварии хостаҳо ва интизороти Эрон аз ожонс таъкид мекунад, ки Эрон ҳеҷ гоҳ таслими чунин фишорҳое нахоҳад шуд.
Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳама мароҳили иҷрои БарҶом болотарин сатҳи ҳамкориро бо ожонс доштааст. Ҳамкории густурдаи бесобиқаи ҳамроҳ бо ростиозмоииҳои бардавом таъйиди ҳамин нуктааст, ки Эрон чизе барои пинҳон кардан надошта ва ниёзе ҳам ба силоҳи ҳастаӣ надорад. Фатвои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бораи ҳаром будани тавлид, таксир, анбошт ва истифода аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва ҳастаӣ дидгоҳи Эрон дар заминаи фаъолиятҳои ҳастаиро дар болотарин сатҳ шаффофсозӣ кардааст.
Бинобарин комилан мушаххас аст, ки ҳадаф аз тадвин ва тасвиби ин қатънома бо вуҷуди собиқаи таомули мусбати Эрон бо Ожонси байналмилалии энерги атомӣ ва таъкиди куллияи гузоришҳои ҳаждаҳгонаи ожонс дар бораи сулҳомез будани фаъолитҳои ҳастаии Эрон, заминасозӣ барои асоснок кардани сустиҳо ва заъфҳои сиёсии се кишвари аврупоии тарафи БарҶом дар амал ба уҳдадориҳои онҳо аст. Сегонаи аврупоӣ бо ин ҳаракат нишон дод, ки дар муқобили фишорҳои Амрико заиф ва шиканандааст ва ба ҳамин иллат ҳеҷ гоҳ натавонистааст мавзеъи босуботе дар муқобили якҷонибагароии Амрико ишғол кунад.
Муҳаммадалии Басирӣ-устоди улуми сиёсӣ ва равобити байналмиллалии донишгоҳ дар таҳлили аҳдофи ин қатънома мегӯяд : "Тасвиби чунин қатъномаҳое дар ростои фишори ҳаддиаксарӣ аст, ки Доналд Трамп ин сиёсатро думбол мекунад ва аврупоиҳо ҳам баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум муттаҳиди стратегии Амрико буданд ва дар ҳама масоил ин иттиҳоди худро бо Амрико нишон доданд ва ҳамакнун ҳам алорағми инки расман аз БарҶом берун нарафтаанд, аммо амалан иқдомот ва фишорҳои ҳаддиаксарии Амрико бар Эронро ҳамроҳӣ мекунанд."
Баёнияи намояндагони маҷлис бар ҳамин асос мавозеъи се кишвари аврупоии Олмон, Англия ва Фаронсаро нишонаи таззоди комили рафтор ва гуфтори ин кишварҳои аврупоӣ медонад ва гушзад мекунад , ки онҳо бори дигар дар доми Амрико ва режеми саҳюнистӣ гирифтор шудаанд.
Собиқаи чунин иқдомоте нишон медиҳад дархостҳои фаротар аз уҳдадориҳои мундариҷ дар Мувофиқатномаи подмони ҷомеъ ва протоколи иловагӣ ,ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон бо ожонс зарба хоҳад зад. Бар асоси омори расмии гузоришҳои мудири кулли ожонс танҳо дар 5 соли гузашта сахтгиронатарин бозрасиҳо дар таърихи ожонс; шомили солона имкони беш аз 30 дастрасии такмилӣ ва ногаҳонӣ бар асоси протоколи иловагӣ дар Эрон анҷом шудааст.
Нодида гирифтани воқеиятҳо ва пинҳон кардани мақсадҳои сиёсӣ зери пӯшиши хостаҳои ожонс , тахриби нарми ҳамкориҳои Эрон ва ожонс аст. Исрор бар идомаи ин раванд қатъан сабаби шикоф дар равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ожонс хоҳад шуд, ки масъулияти он бар ӯҳдаи пешниҳодкунандагони ин қатънома аст.