Паёми Раҳбари муаззами Инқилоб дар паи фоҷиаи дардноки бандари Берут
(last modified Thu, 06 Aug 2020 03:11:14 GMT )
Август 06, 2020 08:11 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари муаззами Инқилоб дар паи фоҷиаи дардноки бандари Берут

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паи ҳодисаи таркиши бандари Берут бо мардуми Лубнон ибрози ҳамдардӣ карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , дар паёми Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ  Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ ,ки дар ҳисоби ТВВИТЕРИ пойгоҳи иттилорасонии  KHAMENEI.IR мунташир шуд , омадааст ; дар фоҷиаи дардноки таркиши бандари Берут ,ки сабаби кушта ва захми шудани теъдоди зиёде аз мардум ва хасороти шадид шуда ,бо шаҳрвандони азизи лубнонӣ ҳамдардем ва дар канори онон ҳастем.

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар идомаи ин паём таъкид карданд ; сабр дар баробари ин ҳодиса ,барги зарине аз ифтихороти Лубнон хоҳад буд.

Дар паи вуқуи оташсузии густардаи арси сешанбе дар яке аз анборҳои маводи тарканда воқеъ дар бандари Берут , таркиши муҳибе дар анборҳои муҷовири пури нитроти омуниювм рух дод ; бар асоси эълони Вазорати тандурустии Лубнон , то кунун дар паи ин таркиш дасти кам 150 нафар кушта ва беш аз чор ҳазор нафар захмӣ шудаанд.