Август 08, 2020 18:07 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми Гугл алайҳи Эрон дар Ютюб

Ширкати Гугл 16 ҳисоби корбарии Ютюбро, ки бино бар иддаои ин ширкат ба давлати Эрон вобаста буданд, бастааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ширкати амрикоии Гугл иддао кард, ки 16 ҳисоби корбарии машкуки шабакаи иҷтимоии Ютюбро, ки бар асоси шавоҳиде ба иттиҳодияи байналмиллалии расонаҳои маҷозии таҳти ҳимояти давлати Эрон вобаста буданд, бастааст.

Бино бар иддаои Гугл, корбарони ин ҳисобҳои корбарии Ютюб ба забони арабӣ, муҳтавоҳоеро дар бораи бемории КОВИД-19 дар Амрико ва ҳамчунин равобити ин кишвар ва Арабистон мунташир кардаанд.

Ин ширкати амрикоӣ ҳамчунин ҳисобҳои корбарии вобаста ба давлатҳои Русия ва Чинро низ дар нимаи дувуми соли 2020 бастааст.

Шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ моҳи апрел бо иддаои ин ки чанд ҳисоби корбарии вобаста ба давлати Эрон дар ҳоли густариши иттилооти ғалат дар чанд кишвари ҷаҳон будаанд, онҳоро масдуд кард.

 

Барчасп