Август 23, 2020 17:13 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 309 ҳазор нафар аз беморони КОВИД-19 дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон беҳбудёфтагон аз беморони КОВИД-19 дар ин кишварро беш аз 309 ҳазор нафар эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори беморони КОВИД-19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 113 бемори ҷадиди КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 882 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ хадамоти лозимро дарёфт карданд.

Лорӣ ҳамчунин гуфт: Маҷмӯъи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 358 ҳазору 905 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун 309 ҳазору 464 нафар беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Вай афзуд: Дар 24 соати гузашта 141 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 20 ҳазору 643 нафар расид.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 23 миллиону 400 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 809 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 15 миллиону 935 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфтаанд

Барчасп