Октябр 08, 2016 19:47 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби Фирдавсӣ ва рушди ҳамосаҳои миллии Эрон дар Қазоқистон

Китоби Фирдавсӣ ва рушди ҳамосаҳои миллӣ дар Эрон ва Осиёи Марказӣ, дар Қазоқистон ба забони русӣ, мунташир шуд

Ба гузориши ИРНА, ин китоб ба кӯшиши донишманди тоҷик, Сафари Абдуллоҳ-узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, шомили суханрониҳои устодон ва донишмандони эронӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар маҷмуи Шӯравии собиқ аст, ки бахше аз онҳо дар ҳамоиши байналмилалӣ, ки дар таърихи 13 ва 14 моҳи майи соли 2008 милодӣ дар Алмаато баргузор шуд, таҳия ва тадвин шудааст.

Бархе дигар аз мақолоти ин маҷмуаро, Сафари Абдуллоҳ аз забони форсӣ ба русӣ тарҷума кардааст. Ин маҷмӯа шомили 29 мақола бо ановине чун муқаддимае бар таърихи Эрон дар замони Сомониён, Шариф Шакаров (Русия); Эрон ва эрониён дар Шоҳнома, Мансури Растагори Фасоӣ (Эрон); Ривояти Аҳмад ибни Маҷидӣ дар бораи Фирдавсӣ ва Фирдавсӣ дар адабиёти араб, Тоҷуддини Мардонӣ (Тоҷикистон); Эрон ва эрониён то падид омадани ҳамосаи миллӣ, Алӣ Муҳаммадӣ (Эрон) ва пажӯҳиши устураии зан дар Шоҳнома, Муҳаммадҳусайни Идрисӣ, аст.

Бар асоси эъломи Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, дар бахше дигари ин китоб, ба мақолоти баррасии сунани хонаводагӣ ва ойини хонавода дар Шоҳнома, Аҳмади Хотам (Эрон); Абулқосими Фирдавсии Туcӣ, суханро ба хидмати парвариши рӯҳияи меҳанӣ гирифт, Амирҳусайни Ханҷӣ (Эрон); Ҷойгоҳи гиёҳон ва дарахтони муқаддас дар Шоҳнома, Беҳнози Паймонӣ (Эрон); Фирдавсӣ ва Лев Толстой, Маҳнози Наврӯзӣ; Таъсири Шоҳнома дар адабиёти ҳамосӣ, Муҳаммадбоқири Камолуддинӣ (Эрон) ва ҷойгоҳи бознависии ҳамосаи Фирдавсӣ дар адабиёти кӯдак ва навҷавони Эрон, Марями Ҷалолӣ (Эрон) ишора дорад. Ин китоб ба ҳиммати ройзании фарҳанги Эрон ва бо ҳамкории интишороти китобхонаи Олжас дар шаҳри Алмаато ва пуштибонии марказ сомондеҳиии тарҷума ва нашри маорифи исломӣ ва улуми инсонӣ, дар 520 сафҳа ба забони русӣ мунташир шудааст.

 

 

Барчасп