Сафари мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба Теҳрон
(last modified Tue, 25 Aug 2020 04:14:32 GMT )
Август 25, 2020 09:14 Asia/Dushanbe
  • Сафари мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба Теҳрон

Мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ва ҳайати ҳамроҳ барои дидор бо масъулони Ҷумҳурии исломии Эрон вориди Теҳрон шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; ин нахустин сафари расмии Рафаэл Гроссӣ- депломати аргентинӣ ба Эрон дар мақоми мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ аст.

Ҳадафи вай аз ин сафар дарёфти посух ба саволот дар бораи тавофуқҳои подмонӣ эълом шудааст; ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора таомули густардае бо ожонс дар чорчуби ҳамкориҳои фимобайн дошта ва талошҳои Амрико барои иҷрои фишорҳои нав ба Эрон сирфан мунҷар ба инзивои бештари ин кишвар шудааст.

Рафаэл Гроссӣ рӯзи сешанбе бо Алиакбари Солиҳӣ- раиси Созмони энержии атомии Эрон дидор ва гуфтугӯ мекунад.