Интиқоди Тайибниё аз ҳамкорӣ накардани бонкҳои хориҷӣ бо Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i5683-Интиқоди_Тайибниё_аз_ҳамкорӣ_накардани_бонкҳои_хориҷӣ_бо_Эрон
Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон дар бораи кундии раванди анҷоми тааҳҳудоти Ғарб, дар мавзӯи ҳамкории бонкҳои бузурги байналмиллалӣ бо низоми бонкии Эрон интиқод кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 08, 2016 16:34 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Тайибниё аз ҳамкорӣ накардани бонкҳои хориҷӣ бо Эрон

Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон дар бораи кундии раванди анҷоми тааҳҳудоти Ғарб, дар мавзӯи ҳамкории бонкҳои бузурги байналмиллалӣ бо низоми бонкии Эрон интиқод кард.

Алии Тайибниё- Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон, дар дидори Пер Карло Падоан -вазири иқтисоди Италия бо баёни ин ки беҳбуди равобити Эрон ва Ғарб ба суди тарафайн хоҳад буд, гуфт, иртиқои амният ва субот дар минтақаи пурошуби Ховари Миёна, бидуни нақшофаринии меҳвари Эрон имконпазир нест.

Тайибниё афзуд, акнун, ки давраи пасотаҳрим аст ва бояд иродаи ҷамъӣ ба иҷрои таваффуқот маътуф шавад, тарафи муқобил суръати лозимро дар анҷоми тааҳҳудоташ надорад.

Вай тасреҳ кард, бар асоси шароити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо рӯйкарди интиқоли дониш ва фановарӣ пешниҳодоти ароа шуда аз сӯи кишварҳои мухталиф аз ҷумла Италия барои густариши ҳамкориҳо бо Эрон баррасӣ мешавад.

Вазири иқтисоди Италия ҳам бо ибрози хурсандӣ аз раванди тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар бар пойбандӣ ба тавофуқоти ҳосила бо Теҳрон, таъкид кард.

Пер Карло Падоан ҳамчунин аз омодагии худ барои сафар ба Эрон барои ниҳоӣ кардани тавофуқоти молӣ ва бонкии сурат гирифта дар ояндаи наздик хабар дод ва гуфт, Италия ба анҷоми тааҳҳудот ва беҳбуди равобит бо Эрон пойбанд аст.

Тайибниё, барои ҳузур дар нишасти муштараки Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул ба Вашингтон сафар кардааст.