Фардо Ошуро аст + филм
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i56946-Фардо_Ошуро_аст_филм
Имшаб симои осмон, ранги хун гирифта ва замин доғдори бузургтарин азои фарзандони одам сиёҳ пушида, ки фардо Ошурост.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 29, 2020 15:49 Asia/Dushanbe

Имшаб симои осмон, ранги хун гирифта ва замин доғдори бузургтарин азои фарзандони одам сиёҳ пушида, ки фардо Ошурост.

Фардо якшанбеи 9 шаҳривари 1399 ҳиҷрии хуршедӣ ва сиюми августи 2020 милодӣ баробар бо даҳумин рӯзи моҳи муҳаррами соли 1441 ҳиҷрии қамарӣ ва рӯзи Ошуроӣ Ҳусейнӣ аст .
Ошурои ғамбортарин ва ҳамосӣтарин рӯзи торих , солрӯзи шаҳодати сарвару солори шаҳидони олам  ҳазрати Имоми Ҳусейн ( а ) наводаи гиромии Паёмбари мукаррами ислом  ҳазрати Муҳамади Мустафо ( с.а ) ва 72 ёри вафодор ӯ аст.
Ҳусейн бин Алӣ ( а ) пешвои  бузурги озодагони ҷаҳон дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало дар сини 57 солагӣ ҳамроҳ бо шуморе аз ёрон ва фарзандону бародарони диловараш дар набард бо сипоҳёни Язид  бин Муъовия бо лабҳои ташна ба шаҳодат  расиданд ва занону кўдаконашон пас аз шаҳодати онон ба асорат  рафтанд .
Ҳазрат Имоми Ҳусейн ( а ), ки аз сӯй беш аз 12 ҳазор нафар аз мардуми Куфа, ки аз зулми ҳукумати бани  Уммя ба сутуҳ омада буданд, даъват шуда буд дар масири ҳаракат ба Кӯфа дар минтақаи Карбало ба муҳосираи сипоҳи Умавӣ даромаду дар ҷангии нобаробар  шуҷоъона ва мазлумона ба шаҳодат  расид .
Эшон пеш аз ин сафар ба сароҳат таъкид карданд, ки мақсудшон аз ин ҳаракат , расво кардани ҳукумати зиддиисломии Язид , барпо  доштани амр ба маъруфу наҳй аз мункар ва ислоҳи инҳирофотӣ аст, ки дар ойини ҷадди бузургворашон  падид омада буд .
Беш аз ҳазору 300 сол аз ин ҳодиса мегузарад, аммо шӯру ҳарорати ишқ ба Ҳусейн ( а ) дар қалбҳои мӯминони худоҷӯ инсонҳои озода ҳар сол  шӯълавартар аз пеш забона мекашаду парчами сиёҳи мусибати ӯ бар баландии тарих ҳамвора барафрошта аст .
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фарорсидани Ошурои Ҳусейнӣ ва солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусейн ( а )-ро ба ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд .