Сентябр 11, 2020 17:19 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода : Барои Эрон муҳим нест чӣ касе раисҷумҳури Амрико шавад

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки муҳим нест, чӣ касе раисҷумҳури Амрико мешавад гуфт : Иёлоти Муттаҳида чандин даҳа аст, ки дар интихоботи кишварҳои дигар аз ҷумла Эрон дахолат мекунад.

Саиди Хатибзода-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа бо радди иддаои ширкати Майкрсофт дар бораи талоши хаккерҳои муртабит бо Эрон барои таъсиргузорӣ бар интихоботи Амрико афзуд: Иёлоти Муттаҳида, ки корзори фаъоли зидди иттилоъотӣ алайҳи дигар кишварҳоро раҳбарӣ мекунад, дар мақоме нест, ки чунин иддаои хандаоваре бикунад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки барои Теҳрон, аҳамияте надорад чӣ шахсе дар Кохи сафед раёсат мекунад таъкид кард:Он чи муҳим аст пойбандии Вашингтон ба ҳуқуқ, қоъидаҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ва даст бардоштан аз дахолат дар кишварҳои дигар ва амал ба тааҳҳудоти худ аст.

 Ширкати Майкрсофт иддао кардааст: Хаккерҳои муртабит бо Русия, Чин ва Эрон дар талош ҳастанд, то аз афрод ва гурӯҳҳои даргир дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар ноябри 2020 ҷосусӣ кунанд.

 

Барчасп