Тафсир: 20 сентябр; Оё мағлубияти дигаре барои Амрико вуҷуд дорад?
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳеҷ иттифоқи ҷадиде дар 20 сентябри соли 2020 рух намедиҳад ва вазири хориҷаи Амрико кофист қатъномаи 2231 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бихонад.
« Муҳаммадҷавод Зариф » вазири умури хориҷаи Эрон шаби панҷшанбе дар остонаи мавъиди эъломи Амрико барои баргардондани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид зидди Эрон дар Твитер навишт , Майк Пампео иштибоҳ мекунад , Амрико дигар узви Барҷом нест ва фароянди фаъол кардани бозгашти таҳримҳо содда нест , балки печида ва тӯлонимуддат тарроҳӣ шудааст.
Амрико пас аз шикасти моҳи гузашта дар Шӯрои Амният барои тасвиби қатъномаи зидди Эрон бо ҳадафи тадовуми таҳримҳои таслеҳотӣ , ба таври якҷониба ва бо чошнии таҳдид талош дорад то ҳамаи таҳримҳои зидди Эрон барқарор шавад ва Барҷомро амалан нобуд кунад .
Амрико дар ҳоле тафсири худро аз қатъномаи 2231 Шӯроӣ Амният дорад ,ки аввалан дигар узви Барҷом нест то тафсири мавриди дилхоҳи худро дошта бошад ва сониян ин қатънома ҷудоӣ аз Барҷом нест ва дар чунин шароите ҳамаи иқдомоти Амрико дар Шӯроии Амният ғайриқонунӣ ва зӯргӯёна аст .
Михаил Улянов, намояндаи Русия назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена дар бораи талоши Амрико барои бозгардондани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид зидди Эрон гуфт , ҳеч кас талошҳои музҳики Амрикоро барои нишон додани худ ба унвони як мушорикаткунандаи худхонда дар Барҷом ҷиддӣ намегирад .
Бо хуруҷи Амрико аз Барҷом дар соли 2018 , ин кишвар дигар мушорикаткунандаи Барҷом нест то ҳаққе барои худ қоил бошадва бихоҳад аз созукорҳои таърифшуда дар даруни Барҷом ва қатъномаи 2231 Шӯроии Амнияти Созмони Милали Муттаҳид истифода кунад .
Бо таваҷҷӯҳ ба ин нуктаи муҳим, аксарияти аъзои Шӯрои Амният моҳи августи соли гузашта ба қатъномаи зиддиэронии ИМА мухолифат карданд ва шикасти таърихии ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шуд.
Истодагӣ дар баробари якҷонибагароии Амрико тазмин кунандаи механизм ва созукорҳои ҷаҳонии мавҷуд барои ҳифзи сулҳу амнияти ҷаҳонӣ аст вау кӯтоҳӣ ва бетафовутӣ дар баробари иқдомоти мухарриби Амрико , паёмадҳои ҳамагонӣ дорад ва мухтаси як ё чанд кишвар нест .
«Саид Аббоси Ироқчӣ » муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон муътақид аст , барои ҳифзи Барҷом дар баробари якҷонибагароии Амрико ҳамаи аъзоии Шӯроии Амният мусаммам ҳастанд , иҷоза надиҳанд Амрико иродаи худро таҳмил кунад то Барҷом мавриди ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ ва Шӯрои Амният аз байн биравад .
Бо тавваҷуҳи иродае, ки дар Шӯроии Амният ҳоким аст ва аъзо ва раиси он бо тафсири Амрико аз қатъномаи 2231 Шӯрои Амният мухолиф ҳастанд , 20 сентябр иттифоқи ҷадиде ба нафъи Амрико рӯй нахоҳад дод , магар таҳдид ва фишорҳои Амрикои вазъиятро тағйир диҳад .
Ба ҳар ҳол муқобила бо якҷонибагароии Амрико ва бархӯрдории Эрон аз ҳуқуқи тасреҳшудаи худ дар Барҷом , шарти бақоии ин тавофуқ аст ва ҳаргуна ҳамроҳӣ бо Амрико дар Шӯрои Амният ба манзалаи тазъифи чандҷонибагароӣ аст ва вокуниши муносиби Эронро ба ҳамроҳ хоҳад дошт .