Идомаи ҳамлаҳои густардаи режими саҳюнистӣ ба Яман
(last modified Sat, 17 May 2025 06:19:41 GMT )
Май 17, 2025 11:19 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамлаҳои густардаи режими саҳюнистӣ ба Яман

Порстудей - Ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ ҷумъашаб дар чанд навбат бандарҳои Яманро бомбаборон карданд .

Расонаҳои Яман гузориш доданд ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ бандари Алсалиф дар устони Алҳудайда, воқеъ дар ғарби Яманро барои чандумин бор дар рӯзҳои ахир бомбаборон карданд . Расонаҳои режими саҳюнистӣ ҳам гузориш доданд, ки бандарҳои Алсалиф , Алҳудайда ва Раъси Исои Яман ҳадафи таҷовузоти ҷангандаҳои ин режим қарор гирифтааст . Ин расонаҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Яман ҳамчунон идома хоҳад ёфт . Манобеи амниятии саҳюнист низ эълом кардаанд, ки ҷангандаҳои исроилӣ камаш 9 бор бандарҳои Яманро ҳадафи ҳамалоти худ қарор додаанд . /хабаргузории Садо ва Симо