Маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон поёни октябр бардошта мешавад
(last modified Sun, 20 Sep 2020 05:05:38 GMT )
Сентябр 20, 2020 10:05 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон поёни октябр бардошта мешавад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон дар поёни моҳи октябр тамом мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф шомгоҳи шанбе дар барномаи гуфтугӯи вижаи хабарӣ дар бораи талоши якҷонибаи Амрико барои бозгардондани таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид афзуд, ончӣ возеҳ аст, ҳамаи аъзои Шӯрои амният ба истиснои Амрико ва як кишвари дигар расман эълом кардаанд, ки иқдоми Амрикоро ба расмият намешиносанд.

Зариф бо баёни инки вожаи "мехонизми моша" ва " Snapback", ки амрикоиҳо аз он истифода мекунанд дар қатъномаи 2231 наомадааст, тасреҳ кард, ин ду вожа танҳо, дӯруғгуии расонаҳои амрикоӣ аст.

Раиси дастгоҳи дипломосии Эрон таъкид кард, Эрон дар хариди таслиҳот таҳрим набуда, балки маҳдудиятҳое доштааст.

Зариф афзуд, гӯё Ҷон Болтон, мушовири собиқи амнияти миллии Амрико танҳо касе аст, ки қатъномаи 2231-ро хондааст ва ҳамонтавр, ки ӯ гуфта, бозгардондани маҳдудиятҳои таслиҳотии Эрон раванди тӯлонӣ аст ва ҳамин раванд метавонад ҳаққи ветои аъзои Шӯрои амниятро махдуш кунад.

Вай рафтори қулдурмобонаи Амрикоро тоза надонист ва гуфт, аз ташкили Созмони Милали Муттаҳид то ба имрӯз Амрико 120 таҳрим алайҳи кишварҳои дигар эъмол кардааст ва ба ин маъно давлати ин кишвар таҳримро ба унвони абзор истифода мекунад.

Зариф иддаоҳои Трамп дар мавриди тавофуқи як ҳафтаӣ бо Эронро дорои масрафи интихоботӣ донист ва афзуд, мизи БарҶом ҳамеша будааст, аммо баргаштан ба ин миз ба роҳатӣ нест. Агар давлати Амрико хисоратеро, ки ба Эрон ворид кардааст, ҷуброн кунад метавонад ба мизи музокира баргардад.

Созукори бозгашти худкори таҳримҳо мавсум ба «механизми моша» ё «Snapback» ба думболи эҳёи тамомии қатъномаҳои таҳримӣ алайҳи Теҳрон аст, ки пас аз тавофуқи БарҶом миёни Эрон ва гурӯҳи мавсум ба 5+1 таълиқ шуда буд.