Сентябр 20, 2020 17:24 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Эрон: Амрико бузургтарин таҳдид барои сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ аст

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҳарруки беҳосили Амрико дар бозгашти таҳримҳо алайҳи Теҳрон, Иёлоти Муттаҳидаро бузургтарин таҳдид барои сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ унвон кард.

Вазорати умури хориҷаи Эрони рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард , Амрикои имрӯз дар ҳоле ба дурӯғи муддаии бозгашти қатъномаҳои таҳримии Шӯрои  Амнияти Созмони Милали Муттаҳид  алайҳи Эрон аст, ки дархости Амрико ба унвони як кишвари ғайриузв дар Барҷом барои оғози раванди эҳёии таҳримҳо аз асос аз сӯи  Шӯрои  Амният рад шуда ва ин раванд  ҳеҷ гоҳ оғоз нашудааст, ки имрӯз ба саранҷом расида бошад .
Ин баёния меафзояд , вазири умури хориҷаи Амрико  худ низ медонад, ки иддаояш дар мавриди бозгашти таҳримҳои Шӯрои  Амният беасос , ботил ва фоқиди ҳар гуна  асаргузорӣ қонунӣ аст ва лизо  иқдом ба таҳдид ва иръоби кишварҳо ба вазъи таҳримҳои миллии фаромарзӣ алайҳи онон кардааст, ки худ беҳтарин  гувоҳи эътирофи Амрико ба шикаст дар ҳаракаташ дар Шӯрои Амният аст .
Дар идомаи ин баёния омадааст , Эрон  баёнияҳои хашмолуди вазири хориҷаи Амрикоро иқдомоте бо масрафи сиёсии дохилӣ ва аз сари заъф ва истисолу ҳосил  "на" шуниданҳои мукаррар аз ҷомеаи байналмилалӣ дар моҳҳои ахиру шикастҳои пай дар пай дар баробари дипломасии фаъоли Эрон медонад ва ба Раиси Ҷумҳурии Амрико тавсия мекунад беш аз ин бо пайравӣ аз машварати афроди ҷоҳилу ноошно ба шароити ҷаҳонӣ , худ ва кишварашро дар сатҳи байналмилалӣ мунзавӣ накунад .
Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин баёния бо ишора ба ин ки рӯйкарди Амрико  хатаре бузург барои сулҳу амнияти байналмилалӣ ва таҳдиде бесобиқа барои Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Амният аст таъкид кард , агар Амрико  руасо ё бо ҳамкории маъдуди дастнишонда‌ҳои худ иқдоме дар ростоии ин таҳдидот анҷом диҳад , бо вокуниши ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд ва масъули тамомии авоқиби хатарноки он хоҳад буд .

Барчасп