Сентябр 25, 2020 21:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва Русия барои тавлиди муштараки воксани куруно

Сафири Эрон дар Русия аз тамоюли Теҳрон барои ҳамкорӣ бо Маскав ҷиҳати тавлиди муштараки воксани куруно баргузории гуфтугӯҳои дуҷониба дар ин замина хабар дод.

Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия рӯзи ҷумъа бо баёни ин ки Теҳрон ва Маскав дар ҳоли гуфтугӯ дар хусуси тавлиди муштараки воксани куруно ҳастанд гуфт, дар дидор бо Kirill Dmitriev, раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия эълом шуд, ки Эрон дар ин заминаи ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ҷалолӣ ҳамчунин бо интиқод аз иқдоми Амрико дар хурӯҷ аз тавофуқи ҳастаӣ ва эъмоли таҳримҳои якҷониба алайҳи Теҳрон, тасреҳ кард, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бояд ба далели хуруҷи Амрико аз БарҶом аз Эрон узрхоҳӣ карда ва тамоми зарарҳои иқтисодӣ ва сиёсии Теҳронро ҷуброн кунад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳурии Амрико, 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон зайли БарҶоми кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

 

Барчасп