Персполис аз садди Ассад гузашт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57848-Персполис_аз_садди_Ассад_гузашт
Дастаи футболи Персполиси Эрон бо шикасти Ассади Қатар ба марҳалаи чаҳоряк финали лигаи қаҳрамонони Осиё дар минтақаи ғарбӣ роҳ пайдо кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 28, 2020 10:07 Asia/Dushanbe
  • Персполис аз садди Ассад гузашт

Дастаи футболи Персполиси Эрон бо шикасти Ассади Қатар ба марҳалаи чаҳоряк финали лигаи қаҳрамонони Осиё дар минтақаи ғарбӣ роҳ пайдо кард .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , дастаи футболи Персполиси Эрон бо мураббигарии Яҳё Гулмуҳаммадӣ асри рӯзи якшанбе 27 сентябр дар марҳалаи ҳаштяк финали рақобатҳои лиги қаҳрамонони Осиё дар Давҳаи Қатар ба масофи Ассад бо ҳидояти Жави Ҳернандес рафт .

 Ин дидор дар ниҳоят бо бартарии як бар сифри Персполис ба поён расид ва намояндаи Эрон ба ҳамроҳи ду намоянда аз Арабистон ва як намоянда аз Узбакистон ба марҳалаи  чаҳоряк финали лигаи қаҳрамонони Осиё дар минтақаи ғарбӣ роҳ пайдо кард .