Мушакҳои даргирии Озарбойҷон ва Арманистон дар Эрон фуруд меоянд
(last modified Mon, 28 Sep 2020 07:05:39 GMT )
Сентябр 28, 2020 12:05 Asia/Dushanbe

Дар паи даргирии неруҳои низомии Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ, се мушаки хумпораии тарафҳои даргир дар минтақаҳои марзии Эрон фуруд омад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , Алии Амирии Род, фармондори шаҳристони Худоофарин, дар шимолу ғарби Эрон рӯзи душанбе гуфт : Ин ду мушак ба заминҳои кишоварзӣ бархӯрд кард, аммо хушбахтона  зарарҳои молӣ ва ҷонӣ барҷой нагузошт .

 Амирии Род афзуд : Дируз ( якшанбе ) низ як мушаки хумпораии амалнашуда ба чаманзорҳои шаҳристони Худоофарин бархурд кард .

 Даргириҳои низомӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ субҳи якшанбе аз сар гирифта шуд .

 Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи минтақаи Қарабоғ бо якдигар ихтилоф доранд .

 Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон шомгоҳи якшанбе дар гуфтугўи телефонии ҷудогона бо ҳамтоёни арманӣ ва озарӣ , ду тарафро ба хештандорӣ,оташбас ва оғози музокира дар чорчуби ҳуқуқу қонунҳои байналмиллалӣ даъват кард .