То ин марҳила Эрон чигуна ба ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ вокуниш нишон дод?
-
Намое аз бархурди мӯшаки эронӣ ба як қароргоҳи низомӣ дар Тел-Авив
Порстудей – Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба таъарруз ва иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба манотиқе аз Эрон , садҳо навъҳои мӯшакҳои балистикӣ ба самти сарзаминҳои ишғолӣ партоб карда ва поёни ин ҳамлаҳо ҳануз эълом нашудааст.
Имом Хоманаӣ-раҳбари Инқилоби исломӣ дар паи таъарруз ва иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дар рӯзи ҷумъа ба манотиқе аз Эрони исломӣ, ки ба шаҳодати ҷамъе аз фармондеҳони олирутбаи неруҳои мусаллаҳ , донишмандони барҷаста ва шаҳрвандони бегуноҳи эронӣ ба вижа кӯдакони мазлӯм анҷомид , дар паёми телевизиюнӣ эълом карданд : « Режими саҳюнистӣ иштибоҳи бузурге кард , хатои бузурге кард , ғалате кард ва авоқиби он ӯро бечора хоҳад кард. »
Пас аз ин паёми телевизиюнӣ Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ посухи кӯбандаву дақиқи худро алайҳи даҳҳо ҳадаф ва марказҳои низомӣ ва пойгоҳҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ , амалиёти « Ваъдаи содиқ-3 »ро бо рамзи муқаддаси « ё Алӣ бин Абитолиб ( а ) » ба марҳилаи иҷроӣ даровард . Дар ин матлаб нигоҳе ба чигунагии посухгуии Эрон ба ин ҳамла андохта шудааст.
Оғози амалиёт ҳудӯди соъати 22 ба вақти Теҳрон
Аз ҳудӯди соъати 22-и шанбешаб , неруҳои мусаллаҳи Эрон бо шиллеки садҳо навъ мӯшакҳои балистикӣ ба самти сарзаминҳои ишғолӣ , амалиёти « Ваъдаи содиқ 3 » ва посухи қотеъ ба ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистиро оғоз карданд. Дар вокуниш ба ин ҳамла CNN ба нақл аз артиши Исроил гузориш дод : Тамоми Исроил зери оташи ҳамалоти мудовими Эрон қарор дорад . Нишасти хабарии сухангӯи артиши Исроил низ ҳамзамон бо оғози амалиёти « Ваъдаи содиқ 3 » дар сарзаминҳои ишғолӣ қатъ шуд .
Мавҷи дувум
Мавҷи дувуми ҳамалоти Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ аз ҳудӯди соъати 23 оғоз шуд ва бинобар эъломи созмони радио ва телевизиони режими саҳюнистӣ , ҳудӯди 100 мӯшак аз Эрон ба самти сарзаминҳои ишғолӣ шиллек шуд . Алмаёдин гузориш дод, ки мӯшакҳои Эрон мустақиман ба Тел-Авив бархурд карданд . Расонаҳои ибрии ҳам аз баланд шудани забонаҳои оташ дар наздикии Алкариё , мақари вазорати ҷанг дар Тел-Авив хабар доданд .

Мавҷи сеюм
Ҳудӯди соъати 2 бомдод буд, ки расонаҳои режими саҳюнистӣ аз мавҷи сеюми ҳамалоти мушакии Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд. Дар ин ҳамла шуморе аз мӯшакҳои шиллекшудаи Эрон бо убури муваффақ аз падофанди ҳавоии режими Исроил ба аҳдофи мушаххас дар сарзаминҳои ишғолӣ бархурд кард . Расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки яке аз мӯшакҳои эронӣ ба бинои 50 табақа дар Тел-Авив бархӯрд кардааст . Манобеи исроилӣ гузориш доданд, ки дар ин мавҷи нав камаш 150 мӯшак шиллек шудааст .
Мавҷи чаҳорум
Алмаёдин эълом кард, ки аз соъати 5 субҳ мавҷи чаҳоруми ҳамлаи мушакии Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ оғоз шуд. Ба гуфтаи расонаҳои ибрӣ мӯшакҳои Эронӣ дар Тел-Авив,Қудс , Ҳайфо, , Байрулсабаъ , Бҳира ва ал-Ҷалил исобат кардаанду ожири хатар аз шимол то ҷануби арозии ишғолӣ ба садо даромад. Расонаҳои Исроил ҳамчунин аз садои инфиҷорҳои ваҳшатнок дар чандин нуқта дар шимол хабар доданд. Бисёре ин ҳамалотро бесобиқа эълом кардаанд . Расонаҳои Исроил ҳам ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш доданд ки инфиҷорҳои шадиде дар чандини минтақа дар шимоли Исроил рух додааст . Ҳамчунин гузоришҳо ҳикоят аз он дорад, ки чандин инфиҷор низ бандари Ҳайфоро ларзондааст .

Мавҷи панҷум
Соъати ҳудӯди 6 : 20 субҳ расонаҳои режими саҳюнистӣ аз оғози мавҷи панҷуми ҳамалоти мушакии Эрон хабар доданд ва эълом карданд, ки панҷумин ҳамлаи мӯшакҳои Эрон тамоми нуқоти Исроилро ҳадаф қарор додааст. Бар асоси эъломи расонаҳои режими саҳюнистӣ панҷумин мавҷи мӯшакҳои эронӣ ба аҳдофӣ дар Табариё , Ҷавлони ишғолӣ ва ал-Ҷалили поин исобат кардааст . Расонаҳои саҳюнистӣ гузориш карданд, ки дар ҷадидтарин мавҷ аз ҳамалоти мушакии Эрон ба Тел-Авив камаш 6 бино ба таври комил вайрон шуд .
Ҳадафҳои « Ваъдаи содиқ » чи маконҳое буданд?
Аҳмади Ваҳидӣ-мушовири фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт : Беш аз 150 ҳадаф дар чанд марҳила дар амалиёти « Ваъдаи содиқ 3 » дар назар гирифта шуд, ки дар ҳар марҳила бо тарроҳии дақиқи неруи ҳавофазо , зарбаи сангине ба режими саҳюнистӣ ворид шуд . Вай бо ишора ба аҳдофи ин амалиёт дар маркази сарзаминҳои ишғолӣ афзуд : Пойгоҳҳои ҳавоии Наватим ва Авда, ки марказҳои муҳимме ҳастанд ва дар он ҳавопаймоҳои Ф35, Ф16 ва Ф15 ба иловаи нақлиёти сангин ва сӯхтрасон ва маркази сигналӣ ва ҷангии мустақар ва аз нуқоти оғозини таҳоҷум алайҳи Эрон буд , ҳадаф қарор гирифт .
Сардор Ваҳидӣ таъкид кард : Ҳамчунин Тел-Ноф, ки маркази ҳавоии муҳими дигар ва наздики Тел-Авив аст , бо вуҷӯди падофанди сангин маҳали бархурд қарор гирифт . Марказҳои саноъати низомӣ, ки иқдомоти мушакӣ анҷом медод ва ҳам вазорати ҷанги онҳо , мавриди ҳадаф қарор гирифт .
Вай тасреҳ кард : Мо имрӯз бо қудрат ва тавони бисёр болои неруҳои мусаллаҳи Эрон , як зарбаи шасти маҳкаме нишон додем, ки бидонанд дар муҳосиботи худ дучори халал шудаанд ва худро дар вазъияти хатарноке қарор доданд ва дучори иштибоҳи бузурге шуданд .
Оё ҳамлаҳо идома дорад?
Эрон поёни амалиёти « Ваъдаи содиқ 3 »-ро ҳануз эълом накардааст . Дар ҳамин замина сафири Амрико дар Тел-Авив ба CNN гуфт : Шаби сахте дар Исроил буд ва мо интизор дорем Эрон ба партоби мӯшак ба самти Исроил идома диҳад.