Ҳофизи Шерозӣ-шоири мондагор дар дилҳои мардум
Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ , шоире аст, ки аз гузаштаҳои дур ашъораш гуши дӯстдоронашро навозиш медод ва дилҳоро оромиш мебахшид.
Дар миёни шоирони порсигӯй Хоҷа аз андак касоне аст, ки мавриди тавваҷуҳи хосу ом қарор дорад. Барои чашидани ширинии девони ӯ ниёзе нест, ки ҳатман устоди адабиёт ё ҳофизшинос бошед .
Ба гузориши Садои Хуросон , Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад бин Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ ( ҳудуди 727 – 792 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 706 - 769 ҳиҷрии шамсӣ ва 1325 — 1389.1390 милодӣ) , шоири бузурги садаи ҳаштуми Эрон ( баробар бо қарни чаҳордаҳуми милодӣ ) яке аз суханварони номии ҷаҳон аст. Бештари шеърҳои Ҳофиз ғазал ҳастанд, ки ба ғазалиёти Ҳофиз шӯҳрат доранд. Гароиши Ҳофиз ба шеваи суханпардозии Хоҷуи Кирмонӣ ва монандии шеваи суханаш бо ӯ машҳӯр аст. Ӯ аз муҳимтарин таъсиргузорон бар шоирони пас аз худ шинохта мешавад .
Мақоми муъаззами раҳбарӣ дар бораи Ҳофиз мефармоянд :Ҳама қишрҳо аз орифони маҷзӯби ҷилваҳои илоҳӣ то адибону шоирони хушзавқ , то мардуми маъмулӣ , ҳар кадом дар Ҳофиз сухани дили худро ёфта ва ба забони ӯ шарҳи васфи худро сурудаанд; шоире ки лафзу маъно ва қолабу муҳтаворо бо ҳам ба авҷ расонда аст ва дар ҳар мақӯлае зубдатарин ва мӯҷазтарину ширинтарин гуфторро дорад.

Ҳофиз дар замони ҳаёти худ ашъори бисёреро бештар ба сурати ғазал суруду аз худ китоберо бар ҷой гузошт, ки ба "Девони ғазалиёти Ҳофиз" шуҳрат дорад. Вай дар сурудани ашъору шеваи суханпардозӣ аз Хоҷуи Кирмонӣ, шоири бузурги нимаи аввали қарни ҳаштум илҳом гирифт ва дар ниҳоят ба яке аз муҳимтарин намунаҳо барои шоирони пас аз худ табдил шуд. Дар қарнҳои ҳаждаҳуму нӯздаҳуми милодӣ буд, ки ашъори вай ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуданд ва номаш ба маҳфилҳои адабии ҷаҳони Ғарб низ роҳ пайдо кард. Дар дунёи имрӯз бисёре аз адибон дар саросари ҷаҳон номи Ҳофизро ба хубӣ мешиносанд ва дар мутолиъоташон аз ашъору навиштаҳои вай баҳраи бисёре мебаранд.
Субҳидам аз арш меомад хуруше , ишқ гуфт: Қудсиён гӯӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд.
Девони Ҳофиз, ки муштамил бар ҳудуди 500 ғазал , чанд қасида , ду маснавӣ , чандин қитъаву теъдоде рубоӣ аст , то кунун беш аз чаҳорсад бор ба шаклҳову шеваҳои гуногун ба забони форсӣ ва дигар забонҳои ҷаҳон ба чоп расида аст. Шояд теъдоди нусхаҳои хаттии содда ё орододашудаи он дар китобхонаҳои Эрон , Афғонистон , Ҳиндустон , Покистон , Туркия ва ҳатто кишварҳои ғарбӣ аз ҳар девони форсии дигаре бештар бошад .
Дар мавриди соли даргузашти ӯ ихтилофи камтаре байни муаррихон дида мешавад ва ба назари ағлаби онон 792 қамарӣ аст. Аз ҷумла дар китоби "Муҷмали Фасеҳӣ", навиштаи Фасеҳии Хофӣ ( мутаваллиди 777 қ ), ки муосири Ҳофиз буд ва ҳамчунин Нафаҳот-ул-унс, таълифи Ҷомӣ ( мутаваллиди 817 қ ) ба сароҳат ин торих ба унвони соли даргузашти Хоҷа қайд шудааст. Маҳалли таваллуди ӯ Шероз буда ва дар ҳамон шаҳр низ руй дар ниқоби хок кашидааст .
Ривоят аст ҳангоме, ки қасди дафни Ҳофизро доштанд , иддае аз мутаъассибон бо истинод ба ашъори Ҳофиз дар бораи майгусорӣ бо дафни вай ба шеваи мусулмонон мухолиф буданд ва дар муқобил иддаи дигаре вайро фарди мусулмону муътақид медонистанд . Қарор шуд, ки аз девони Ҳофиз фол бигиранд, ки ин байт омад:
Қадам дареғ мадор аз ҷанозаи Ҳофиз,
Ки гарчи ғарқ гуноҳ аст , меравад ба биҳишт.
Ин шеър дар бадхоҳони шоир таъсири бисёр намуда ва ҳамаро хомуш мекунад .