Октябр 24, 2020 19:16 Asia/Dushanbe

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, омори ҷонбохтагони корона дар ин кишвар аз 32 ҳазор нафар гузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон Симо Содоти Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид -19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: "Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта пан ҳазору 814 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 169 нафар бистарӣ шуданд ва  ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд."

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон

Лорӣ афзуд: Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 562 ҳазору 705 нафар расидааст, ки то кунун 450 ҳазору 891 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд."

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон гуфт: "Мутаассифона дар 24 соати гузашта 335 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 32 ҳазору 320 нафар расидааст.

Теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 42 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 31 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Бештар бихонед:

Барчасп