Июн 29, 2024 14:23 Asia/Dushanbe
  • Натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон ; Пизишкиён ва Ҷалилӣ ба марҳилаи дувум рафтанд

Сухангӯи Ситоди интихоботи Эрон натиҷаҳои нӯҳумин марҳила аз шумориши орои интихоботи чаҳордаҳумин давраи раёсатҷумҳуриро эълом кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мӯҳсини Исломӣ субҳи шанбе 9 тири 1403 изҳор кард: 58 ҳазору 640 шӯъба шумориш шудааст, ки шомили 482 шаҳристон мешавад.

 Вай афзуд: 24 миллиону 535 ҳазору 185 раъй(овоз) шумориш шудааст ва тартиби оро ба шарҳи зер аст:

  * Масъуди Пизишкиён: 10 миллиону 415 ҳазору 991 раъй

  * Саиди Ҷалилӣ: 9 миллиону 473 ҳазору 298 раъй

  * Муҳаммадбоқири Қолибоф: 3 миллиону 383 ҳазору 340 раъй

  * Мустафо Пурмуҳаммадӣ: 206 ҳазору 397 раъй

 Исломӣ бо баёни инки « Вазорати кишвар натоиҷи орои шуморишшударо ба Шӯрои нигаҳбон ирсол кард», гуфт: Таъйиди сиҳати интихобот ба ӯҳдаи Шӯрои нигаҳбон аст.

 Бар асоси қонун ва мавориди қонуни интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон ҳеҷ кадом аз номзадҳо натавонистад  аксарияти мутлақи ороро ба даст оваранд.

 

Барчасп