НАТО-и Осиёӣ , ҳаққаӣ Амрико барои фуруши ҷангу аслиҳа
(last modified Mon, 01 Jul 2024 06:59:11 GMT )
Июл 01, 2024 11:59 Asia/Dushanbe
  • НАТО-и Осиёӣ , ҳаққаӣ Амрико барои фуруши ҷангу аслиҳа
    НАТО-и Осиёӣ , ҳаққаӣ Амрико барои фуруши ҷангу аслиҳа

Порс Тудей - Вазорати хориҷаи Кареяи Шимолӣ дар баёнияе бо ишора ба талоши Амрико , Ҷопон ва Кареяии ҷанӯбӣ барои ташкили як эътилофи низомӣ дар Осиё , иқдомоти онҳоро хатаре барои суботи минтақа тавсиф кард .

Вазорати хориҷаи Кареяи шимолӣ бо маҳкӯм кардани баргузории размоиши сеҷонибаи Амрико , Кареяи Ҷанӯбӣ ва Ҷопон мавсӯм ба « лабаи озодӣ » Freedom Edge ки тайи рӯзҳои панҷшанбе то шанбе дар ҷануби ҷазираи Jeju Кареяи ҷанӯбӣ анҷом шуд тасреҳ кард , равобити ин 3 кишвар , шаклу шамоили нусхаи тамом айёр ва Осиёи НАТА-ро ба худ гирифтааст .

Ба гузориши Порс Тудей , Вазорати хориҷаи Кареяи шимолӣ дар ин баёния бо таъкид бар инки иқдомоти Амрико ва муттаҳидонаш таҳдидӣ барои минтақа аст афзӯд , тақвияти блоки низомӣ дар минтақаи таҳти раҳбарии Амрико ва муттаҳидонашро нодида намегирад ва бо « посухи қотеъ » аз сулҳи минтақаӣ муҳофизат хоҳад кард .

Пеш аз ин муовини раиси ситоди муштарак дар « камиссиюни марказии низомии Чин » бо баёни инки Амрико бузургтарин чолиш барои амнияту суботи минтақаӣ аст гуфта буд: Вашингтон ба дунболи эҷоди як нусха аз Созмони паймони Атлантики шимолӣ ( НАТО ) дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором аст то ҳижмуниашро дар минтақа ҳифз кунад .