Июн 29, 2024 18:52 Asia/Dushanbe
  • Посухи Исломобод ба қатъномаи амрикоӣ: Вашингтон ҳаққи дахолат дар масоили дохилии Покистонро надорад

Порс Тудэй - Маҷлиси миллии Покистон пас аз тасвиби қатъномае, ки Маҷлиси намояндагони Амрико дар мавриди эътибори интихоботи саросарии Покистон дар моҳи феврал матраҳ кард, Вашингтонро ба талош барои «мудохила» дар умӯри дохилии ин кишвар муттаҳам кард.

Намояндагони маҷлиси Покистон дар ин қатънома бо беасос донистани иддаои Маҷлиси намояндагони Амрико алайҳи раванди интихоботу равияи сиёсии Покистон аз Вашингтон хостанд то бар нақзи ҳуқуқи башар, алайҳи фаластиниёну вазъияти Ғазза тамаркуз кунанд.

Дар ин қатънома омадааст, Покистон як кишвари мустақил ва озод аст ва мардуми он ҳаргиз зери бори мудохилаи хориҷӣ намераванд.

Чаҳоршанбеи гузаштаи ҳам Хоҷа Муҳаммад Осиф (Khawaja Muhammad Asif), вазири дифои Покистон дар вокунише тунд ба мавзеъгирии Маҷлиси намояндагони Амрико алайҳи интихоботи Покистон гуфт: Амрико қарни бистумро сарфи сарнагунии давлатҳои демократӣ карда ва акнӯн низ наслкушии фаластиниёнро тасҳил мекунад.

Намояндагони маҷлиси Амрико ахиран бо тасвиби қатъномае, зимни иддаои вуқуъи тақаллуби густарда дар интихоботи порлумонии 8 феврали Покистон, хоҳони таҳқиқоти мустақилу комил дар мавриди ин интихобот шуда буданд.

 

Барчасп