Тафоҳумномаи таъмини молии пружаи нерӯгоҳи «Роғун» байни Тоҷикистону Сандӯқи ОПЕК
Июн 30, 2024 17:07 Asia/Dushanbe
Тафоҳумномаи таъмини молии «НБО-и Роғун (Лоти 4)» байни Тоҷикистону Сандӯқи ОПЕК имзо шуд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 24 июн дар шаҳри Венаи Австрия дар ҳошияи ҳамоиши тавсеаи ОПЕК бо доктор Абдулҳамид Аъл Халифа, раиси Сандӯқи тавсеаи байналмилалии ОПЕК дидор кард, ки дар ҷараёни он ёддошти тафоҳум дар заминаи таъмини молии пружаи «НБО-и Роғун (Лоти 4)» байни Тоҷикистону Сандӯқи ОПЕК имзо шуд.
Ҳамчунин рӯзи 25 июн, дидору гуфтугӯи Файзиддин Қаҳҳорзода бо Валид Ал Баҳар, мудири кулли Сандӯқи кувайтии рушди иқтисоди Араб баргузор шуд.
Барчасп