Июл 01, 2024 21:21 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубодилоти тиҷории Эрону Афғонистон

Мубодилоти тиҷории Эрону Афғонистон афзоиш ёфт.

Вазорати санъат ва тиҷорати ҳукӯмати Толибони Афғонистон эълом кард, арзиши мубодилоти тиҷорӣ байни Афғонистону Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баҳори имсол ба 688 миллиондоллар расидааст.

Бар асоси эъломи вазорати санъат ва тиҷорати ҳукӯмати Толибон, ин рақам дар муқоиса бо соли гузашта афзоиш доштааст.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Азизӣ, сарпарасти вазорати санъат ва тиҷорати ҳукӯмати Толибони Афғонистон пештар эълом карда буд, сатҳи мубодилоти тиҷории дуҷониба бо Эрон ба беш аз 10 миллиард доллар иртиқо хоҳад ёфт.

Афғонистон ҳафтумин мақсади колоҳои содиротии Эрон аст ва бар асоси омори расмии гумруки Эрон, дар 12 моҳи соли 1402 ва дар байни кишварҳои ҳадафи содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон, болотарин тарози тиҷории мусбат бо кишвари Афғонистон сабт шудааст.

Ҳадафгузории сӯрат гирифта байни масъӯлони аршади тиҷории ду кишвари Эрону Афғонистон, барои сатҳи мубодилоти тиҷории ду кишвар дар кӯтоҳмуддат рақами панҷ миллиард доллар аст, ки бо талошҳои ду тараф ва иҷрои барномаҳои тарвиҷӣ ва тавсеа, пешбинӣ мешавад то поёни имсоли ҳаҷми мубодилоти тиҷории дукишвар ба болотар аз се миллиард доллар иртиқо ёбад.

 

Барчасп