Июн 30, 2024 10:05 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар густариши ҳамкориҳои кишоварзии аъзои БРИКС
    Таъкид бар густариши ҳамкориҳои кишоварзии аъзои БРИКС

Муовини вазири ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чаҳордаҳумин иҷлоси вазирони кишоварзии БРИКС, бар густариши ҳамкориҳои аъзои БРИКС дар ҳавзаи кишоварзӣ таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Алиризо Муҳоҷир муовини вазири ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрони афзуд: Тавсеаи ҳамкориҳо , тавассути кишварҳои узви БРИКС иқдомии муассир дар заминаи интиқоли донишу табодули иттилоот ва таҷрибиёт аст ва масири ба суи иртиқои амнияти ғизоӣ дар кишварҳои узви ин гуруҳ хоҳад буд .

Намояндаи Эрон дар иҷлоси вазирони кишоварзии БРИКС дар Русияи афзуд: Дар ростоӣ коҳиши пайомадҳои тағйири иқлӣму созгорӣ бо ин падида ва ҳифзи манобеи таби ва танаввуъи зистӣ, интиқол ба системаи тавлиди кишоварзии коромад, баҳравар, босубот, инъитофпазир ва пойдор, иҷтиноб нопазир аст .

Муовини вазири ҷиҳоди кишоварзӣ Эрон гуфт: Эрон бо тавваҷуҳ ба мавқеъияти ҷуғрофиёии мумтоз ва мазиятҳои транзитии фаровон, шароитиро бавуҷуд оварда аст то аз тариқи ҳамкорӣ бо аъзои БРИКС, шабакаҳои тиҷорӣ дар ҳавзаи кишоварзӣ дар сутуҳи минтақаӣ ва байналмилалиро густариш диҳад .

Муҳоҷир хотирнишон кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон талош хоҳад кард то мавонеъи мавҷуд бар сари роҳи тавсеаи ҳамкориҳои кишоварзии БРИКС-ро муртафаъ кунад.

Барчасп