Июл 01, 2024 11:49 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрмонии духтари эронӣ дар мусобиқоти тениси Осиё
    Қаҳрмонии духтари эронӣ дар мусобиқоти тениси Осиё

Порс Тудей - « Ҳоно Шаъбонпӯр » духтари эронии унвони қаҳрамонии рақобатҳои тениси сатҳи як Осиё дар радаи синнии камтар аз 14 солро аз он худ кард .

Рақобатҳои тениси сатҳи як Осиё дар радаи синнии камтар аз 14 сол ба мизбонии Қазоқистон баргузор шуд . Ба гузориши Порс Тудей , дар финоли бахши духтарони ин рақобатҳо , « Ҳоно Шаъбонпӯр » аз Эрон муваффақ шуд бо натиҷаи 2 - 6 ва 3 - 6 ҳарифи Туркманистонии худро аз пеш рӯ бардорад ва қаҳрамонии ин давра аз бозиҳоро аз он худ кунад

« Ойлин Муҳаммадиёнфард » дигар духтари тенисури эронӣ низ бо пирӯзии 2 бар як муқобили тенисури Қазоқистон , унвони сеюмиро тасоҳуб кард .Дар бахши писарон низ « Ромтини Рофеъӣ » аз Эрон унвони нойибқаҳрамонии рақобатҳои тениси сатҳи яки Осиёро касб кард .

Дар охирин рӯзи ҳафтаи нахусти рақобатҳои тӯри ҷаҳонии тенис низ ки дар устони Албурзи Эрон баргузор шуд , дар финоли бахши духтарон « Кимиёи Соқиби Теҳронӣ » аз Эрон бо натиҷаи 2 бар як тенисўри туркияӣро барад ва унвони қаҳрамониро аз он худ кард .