Қолибоф: Кишварҳои минтақа бояд ояндаи худро ба дастони худ биспоранд
Сентябр 05, 2026 12:22 Asia/Dushanbe
-
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон
Порс Тудей - Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт: Кишварҳои минтақа бояд ояндаи худро ба дастони худ биспоранд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар паёме дар фазои маҷозӣ навишт: «Таъкиди Чин бар парвариши амнияти муштарак, аслеро мунъакис мекунад, ки Эрон муддатҳост аз он дифоъ кардааст.
Вай таъкид кард: Кишварҳои минтақа бояд ояндаи худро ба дастони худ биспоранд ва суботи воқеӣ танҳо аз тариқи меъмории амниятии ҷадиди бумӣ метавонад ба даст ояд. Эрон омода аст.»
Барчасп