Тунисиҳо алайҳи сафири номаҳбуби Амрико
Порс Тудэй - Тунисиҳо дар идомаи ҳимоятҳои худ аз миллати Фаластин, хостори ихроҷи сафири Амрико ва таваққуфи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза шуданд.
Мардуми Тунис рӯзи якшанбе бо таҷаммуъ муқобили сафорати Амрико, ҷиноёти режими Исроил дар Ғаззаро маҳкӯм карданд.
Мардуми Тунис дар ин таҷаммуъ, бо интиқод аз ҳимоятҳои Вашингтон аз режими саҳюнистӣ, ихроҷи сафири Амрико аз Тунисро хостор шуданд.
Тунисиҳо афзӯн бар маҳкӯмияти ҷиноёти режими Исроил дар Борикаи Ғазза, таъкид карданд, дар сӯрате, ки режими ишғолгар ба ҷануби Лубнон ҳамлаи густардае анҷом диҳад бо дастони худ, гӯрашро хоҳад канд.
Мавҷи танаффур аз режими саҳюнистӣ ба далели наслкушии фаластиниён дар Ғазза, кишварҳои исломиро дар баргирифтааст. Авҷи ин мавзӯи талош барои эъмоли сиёсати таҳрим алайҳи ин режим аз сӯи мусулмонон аст.
Бар асоси охирин гузоришҳо дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза токунӯн афзӯн бар 37 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 85 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.