Июл 01, 2024 13:14 Asia/Dushanbe
  • БРИКС ва долларзудоӣ
    БРИКС ва долларзудоӣ

Порс Тудей. Бо суръат гирифтани долларзудоӣ дар ҷаҳон, кишварҳои узви БРИКС барои эҷоди як арзи захираи ҷадид бо пуштвонаи сабадӣ аз арзҳои марбут ба худ, талош мекунанд.

БРИКС як созмони байнидавлатӣ аст, ки тавассути Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин, Африқои Ҷанубӣ (Brazil, Russia, India, China, South Africa) таъсис шудаву ахиран аъзои худро густариш додааст. Эрон ва чанд кишвари дигар низ акнун ба узвияти доими БРИКС пазируфта шудаанд.

Ба гузориши “Порс Тудей, мавзӯи долларзудоӣ аз ҷумлаи муҳимтарин аҳдофи аъзои БРИКС аст . Дар ин росто музокироте байни аъзои БРИКС дар мавриди арзи билқувва ба унвони бахше аз стратегияи долларзудоӣ, ҷойгузини доллар ба унвони арзи аслӣ барои муомилоти молии байналмилалӣ матраҳ шудааст.

Русия ба унвони раиси феълии гуруҳи БРИКС дастури кори нисбатан густардаеро дар робита бо умури молӣ дунбол мекунад, ки шомили тақвияти нақши кишварҳои узв дар системаи пуливу молии байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байнибонкӣ ва тасвияҳисоб бо арзҳои миллии кишварҳои узв аст.

БРИКС ва долларзудоӣ

 

Бинобар таҳқиқоти суратгирифта, бо тасбити арзҳои дигар дар баробари доллар, қудрати таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида тазъиф хоҳад шуд ва ин мавзӯе аст, ки барои бисёре аз кишварҳо, ба вижа кишварҳои таҳти таҳрим бисёр муҳим аст.

Дар ин замина Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия фош кард, ки дастури кори долларзудоӣ дар иҷлоси БРИКС, ки қарор аст дар октябри 2024 дар Русия баргузор шавад, дар конуни тавваҷуҳ қарор хоҳад гирифт ва кишварҳои дар ҳоли тавсеаро вориди як бозии комилан ҷадид хоҳад кард.

 

Барчасп