Боқирӣ: Ҳомиёни Саддом дар ҷинояти Сардашт; ҳомии ҷинояти саҳюнистҳо дар Ғазза ҳастанд
(last modified Mon, 01 Jul 2024 12:35:55 GMT )
Июл 01, 2024 17:35 Asia/Dushanbe
  • Боқирӣ: Ҳомиёни Саддом дар ҷинояти Сардашт; ҳомии ҷинояти саҳюнистҳо дар Ғазза ҳастанд
    Боқирӣ: Ҳомиёни Саддом дар ҷинояти Сардашт; ҳомии ҷинояти саҳюнистҳо дар Ғазза ҳастанд

Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими накудошти солгарди бомбаборони шимиёии шаҳр Сардашт гуфт: Ҳамонҳое ки аз ҷиноёти режими Саддом зидди мардуми Сардашт ҳимоят карданд ҳоло ҳомии ҷиноёти ин режим дар Ғазза ҳастанд.

Маросими накудошти солгарди бомбаборони шимиёии шаҳри Сардашт тавасути режими баъси Саддом ва рузи миллии мубориза бо силаҳҳои шимиёӣ ва биологик бо ҳузури сарпарасти Вазорати умури хориҷа, намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва ҷамъӣ аз ҷонбозони шимиёӣ дар дафтари мутолиъоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати хориҷаи Эрон баргузор шуд .

Дар ибтидои ин маросим, мудирикули Созмони манъи силаҳҳои шимиёӣ дар паёми видеои бар нобудии зарродхонаҳои шимиёӣ дар ҷаҳон таъкид кард. Фернонду Орёс гуфт: Ҳамаи кишварҳо бояд ба конвенсияи манъи силаҳҳои шимиёӣ пойбанд бошанд .

Ба гузоришаши хабаргузории Садои ва Симо Алии Боқирии Канӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрони имруз душанбе бо ишора ба таҳдиди режими саҳюнистӣ барои истифода аз силаҳҳои шимиёии алайҳи мардум Ғазза гуфт: Воқеияти талху таҳдиди фаврӣ, идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза аст ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд онро мутаваққиф кунад .

Боқирӣ бо таъкиди ин ки таъаллул ва мумошоти ҷаҳон ба вижаи ғарбиҳо, заминасози идомаи ин ҷиноятҳо шудааст, ёдовар шуд ки ҳудуди даҳ ҳазор эронӣ бо силаҳҳои куштори ҷамъии режими Саддом шаҳид шуданд ва кишварҳои ғарбӣ дар таҷҳизи Саддом ба ин таслеҳот, нақш муассир доштанд.

Режими баъси Ироқ дар 28 июни 1987 бо истифода аз бомбҳои шимиёии чаҳор нуқтаи пуриздиҳоми шаҳристони Сардашти устони Озарбойҷони Ғарбӣ, шимоли ғарби Эронро бомбаборон кард ки дар ин ҳамлаи 119 нафар аз сокинони ғайринизомии ин шаҳри шаҳид ва беш аз 8 ҳазор нафар низ дар маърази газҳои саммӣ қарор гирифтанд ва дучори масдумият шимиёӣ шуданд.

Бомбаборони шимиёии шаҳри марзии Сардашт фаҷеътарин таҳоҷуми шимиёӣ буд ки осор ва мушкилоти манфии бисёри ба вуҷӯд оварад ва ин шаҳр аввалин шаҳри қурбонии ҷангафзорҳои шимиёӣ дар ҷаҳон пас аз бомбаборони ҳастае Ҳирушимаи номида шуда аст.