Аввалин парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” ба Покистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i115688
Аввалин парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” ба Покистон анҷом шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 03, 2024 11:14 Asia/Dushanbe
  • Аввалин парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” ба Покистон

Аввалин парвози ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” ба Покистон анҷом шуд.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи панҷшанбе, 27 июн аввалин парвози худро аз Душанбе ба мақсади Исломобод, пойтахти Покистон анҷом дод. Соъати 11:45 субҳ ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо мусофирон дар пойтахти Покистон  фурӯд омад. Дар роҳи бозгашт бо 52 мусофир аз Исломобод ба Душанбе парвоз кард.

Парвозҳои баъдӣ ҳар ҳафта дар рӯзҳои панҷшанбе анҷом хоҳад шуд. Замони парвоз аз Душанбе 10 : 30, аз Исломобод – 13:30 ба вақти маҳаллӣ аст.

Муддатзамони парвоз 2 соъат аст, парвозҳои мустақим бо ҳавопаймоҳои Боинг 737 - 800 ва Боинг 737 - 900 анҷом мешавад.