Июл 02, 2024 10:36 Asia/Dushanbe
  • Муқовимати Ироқ: Агар Исроил ба Лубнон ҳамла кунад тамоми манофеъи Амрико дар минтақа ҳадафи мост

Порс тудей- Шӯрои ҳамоҳангии муқовимати Ироқ якшанбешаб дар баёнияе эълом кард: Дар сурати ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Лубнон тамоми манофеъи Амрико дар Ироқ ва минтақаро ҳадаф қарор медиҳем.

 Муқовимати Ироқ аз оғози ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза бо амалиётҳояш алайҳи мавозеъи ин режим ҳамвора аз миллати мазлуми Фаластин ҳимоят кардааст.

 Муқовимати Ироқ ҳамчунин таъкид кард: Дар пайи кушторҳо дар Фаластин бояд мавозеъи қотеъе дар қиболи кишварҳои арабии созишкор бо режими саҳюнистӣ гирифта шавад.

 Пештар Қайс ал-Хазъалӣ-дабири кулли ҷунбиши Асоъиби аҳлулҳаққи Ироқ дар изҳороте гуфта буд, ки дар сурати ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Лубнон, манофеъи Вашингтон дар Ироқ ҳадафи ҳамла қарор хоҳад гирифт.

 Аз ибтидои амалиёти Тӯфон-ул-Ақсо тавассути муқовимати Фаластин дар навори Ғазза алайҳи низомиёни ишғолгар, муқовимати исломии Лубнон низ бо ҳадафи даргир кардани бахше аз тавони низомии ишғолгарон амалиёти густурдаеро дар шимоли Фаластини ишғолӣ оғоз кардааст.

Баҳрагирии Ҳизбуллоҳи Лубнон аз силоҳҳои замонавӣ, силоҳҳои зидди зиреҳ ва дақиқ боиси тарсу ваҳшат дар миёни ишғолгарон шуда ва бахши аъзами шаҳракҳои саҳюнистнишини шимоли Фаластини ишғолӣ тахлия шудаанд.

 Ба гуфтаи коршиносони низомии режими саҳюнистӣ, Ҳизбуллоҳи Лубнон ба танҳоӣ ниме аз тавони артиши ин режимро дар ҷабҳаи шимол даргир карда ва монеъ аз ҳузури қудратмандонаи артиши ишғолгар дар ҷабҳаи ҷануб шудааст.

 

Барчасп