Июл 02, 2024 13:05 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён ва Ҷалилӣ дар нахустин мунозираи даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон чӣ гуфтанд?

Порс тудей-Масъуди Пизишкиён ва Саиди Ҷалилӣ дар нахустин мунозираи даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бо меҳвари мавзӯъоти сиёсӣ ва фарҳангӣ ба баёни дидгоҳҳо ва назароти худ пардохтанд.

Чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳаштуми тир 1403 (28 июн) баргузор шуд ва аз миёни номзадҳо Масъуди Пизишкиён ва Саиди Ҷалилӣ муваффақ ба касби бештарини оро шуданд ва ба даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ роҳ ёфтанд. Нахустин мунозираи интихоботӣ миёни Масъуди Пизишкиён ва Саиди Ҷалилӣ шомгоҳи душанбе дар созмони Садо ва Симои Эрон баргузор шуд. Ин мунозира, ки беш аз ду соат ба тӯл анҷомид аз шабакаҳои телевизионӣ ба сурати зинда пахш шуд.

 Масъуди Пизишкиён дар ин мунозира гуфт, дар мудирият се асл вуҷуд дорад; нахуст инки мудир чӣ касе аст дувум инки чигуна бояд кор кунад ва севум асли посухгӯӣ аст. Ҳунари мудирияти ин аст, ки инсон битавонад барои инки он қулла ва он ҳадафро бигирад ҷойгузинҳои мухталифро дар назар дошта бошад, ки бигӯяд ин роҳро меравам, агар нашуд, як роҳи дигарро меравам. Ҳар чи қадр мо ҷойгузинҳои мухталифро рӯйи миз дошта бошем, муваффақиятамон тазмин шудааст.

Пизишкиён афзуд, барои ман сиёсати хориҷӣ яъне ташхиси таҳдидҳо ва буҳронҳои пеши рӯ бо садоқат ва воқеанигарӣ. Сиёсати хориҷӣ яъне таомул, ҳамкорӣ, таъмини манофеъи миллӣ ва илҳом аз тамаддун ва азамати шукӯҳманди эронӣ аст. Сиёсати хориҷии ман барои рифоҳи мардум аст, барои эҷоди ангезаи мондан ва сохтан ва рушди иқтисодӣ ва тавсеа ва осоиши равонӣ ва субот дар зиндагӣ барои насли оянда.

 Номзади чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон тасреҳ кард, сиёсатҳои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва Имом Хумайнӣ(ра) на шарқӣ ва на ғарбӣ аст. Раҳбарӣ фармудаанд мо бар асоси маслиҳат, ҳикмат ва иззат кор мекунем. Ҳарҷо иззати мо ҳифз шавад ва манфаати мо иқтизо кунад мо меравем сӯҳбат мекунем.

 Саиди Ҷалилӣ низ дар ин мунозира гуфт, дар ҳамин рӯзҳои интихобот, ҳама дунё мунтазир буданд бубинанд, ки натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон чӣ мешавад, чаро, ки як мавзӯъи аз пеш таъйин шуда набуд; Мардум буданд, ки бо орои худ таъйинкунанда буданд, ҳамчунон, ки ҷумъаи оянда ҳам ин иттифоқ дубора рақам хоҳад хӯрд.

 Номзади чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бо ишора ба инки қудрат ва пешрафт ва муваффақияте, ки имрӯз вуҷуд дорад, ҳосили мушорикати мардум аст, гуфт: Яке аз барномаҳои давлати ман ҳатман ин хоҳад буд, ки мушорикати мардум дар идораи кишвар дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ рӯз ба рӯз ҷиддитар ва муассиртар бошад.

 Саиди Ҷалилӣ бо ишора ба шиори давлати худ яъне «як ҷаҳон фурсат, як Эрон ҷаҳиш; ҳар эронӣ як нақши пуршукуҳ» изҳор кард, ҳар эронӣ бояд эҳсос кунад мутаносиб бо истеъдоде, ки дорад метавонад нақшофарин бошад ва давлат бояд ин нақшофариниро эҷод кунад.

 

 

 

Барчасп