Русия режими Исроилро таҳдид кард
Порс тудей - Русия ба режими саҳюнистӣ дар хусуси таъмини эҳтимолии сомонаи падофанди ҳавоӣ барои Украина ҳушдор дод.
Василий Небензя, намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид бо ҳушдор ба режими Исроил дар бораи авоқиби қатъии таъмини эҳтимолии сомонаи падофанди ҳавоии сохти Амрико барои Украина тасреҳ кард, таслеҳоте, ки ба Украина ирсол мешавад, сарфи назар аз фиристанда, дар ниҳоят мунҳадим хоҳанд шуд.
Небензя дар идома тасреҳ кард, интиқоли эҳтимолии сомонаҳои мушакии «Пэтриот» тавассути Исроил ба Украина метавонад паёмадҳои сиёсии хоссе барои режим саҳюнистӣ дошта бошад.
Бар асоси эъломи «Financial Times», ин «Пэтриот»-ҳо ибтидо аз Тел Авив ба Амрико ирсол хоҳанд шуд ва сипас дар ихтиёри Украина қарор хоҳанд гирифт.
Русия ба дафаот дар бораи таъмини таслеҳоти хориҷӣ барои Украина ҳушдор дода ва таъкид кардааст, ки ин иқдоми сирфан ба тулонӣ шудани ҷанг анҷомида ва таъсире дар натиҷаи ниҳоии он надорад.