Сохти исфанҷи сунъӣ тавассути муҳаққиқони эронӣ барои ҳифзи сахраҳои марҷонӣ
(last modified Mon, 01 Jul 2024 14:09:21 GMT )
Июл 01, 2024 19:09 Asia/Dushanbe
  • Сохти исфанҷи сунъӣ тавассути муҳаққиқони эронӣ барои ҳифзи сахраҳои марҷонӣ

Порс Тудэй - Гуруҳе аз муҳаққиқони Донишгоҳи санъатии Амир Кабири Эрон бо илҳом аз мавҷӯдоти зинда, дастгоҳи исфанҷи маснуъӣ барои ҷилавгирӣ аз русӯбгузорӣ ва таҷмиъи олояндаҳо дар муҳитҳои обӣ сохтанд, ки илова бар коҳиши ҳазинаҳои лоирўбӣ дар дарё мӯҷиби нигаҳдории сахраҳои марҷонӣ хоҳад шуд.

Болиғ бар 14 ҳазор километр мураббаъ минтақаи ғарби Осиё тавассути сахраҳои марҷонӣ пӯшоанда шудааст.

Маъсӯма Ҳошимипӯр, муҷрӣ тарҳ ва аз пажӯҳишгарони давраи пасодкторои Донишгоҳи Санъатии Амиркабири Эрон бо ишора ба вазъияти сахраҳои марҷонӣ дар минтақаи ғарби Осиё изҳор кард: Дар маҳдӯдаи минтақаи ғарби Осиё, 65 дарсади сахраҳои марҷонӣ дар хатари нобудӣ ва болиғ бар 20 дарсади онҳо бо вазъияти буҳронӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Ҳошимипӯр афзуд, тавсеаи сукӯнат дар ҳавошии савоҳил, афзоиши сохту созу таҷмиъи зойеъоти ношӣ аз он, тахлияи фозилобҳо ба дарёҳо, тахлияи русӯбот аз тариқи рӯдхонаҳо ба дарёҳо, истихроҷи манобеи газу нафт, олӯдагиҳои ношӣ аз нафткашҳо, афзоиши моҳигирӣ, боло рафтани дамои кураи замин ва ба табаъи он афзоиши дамои оби дарёҳо ва уқёнусҳо ҳамчунин афзоиши ғилзати карбони ҳал шуда дар об, аз ҷумлаи илали таҳдиди саломати сахраҳои марҷонӣ аст.

Ба гуфта вай, дар тарроҳӣ ва сохти дастгоҳи исфанҷи маснуъӣ аз як мавҷӯди зиндаи табиӣ илҳом гирифта шуда ва натоиҷи мутолиоти шабеҳсозӣ, озмоишгоҳӣ ва роёнаӣ амалкарди хубе аз онро дар муҳӣтҳои мухталифи дарёӣ нишон додааст.

Вайй афзуд, дар ҳоли ҳозир кишварҳои бисёре бо инқирози сахраҳои марҷонӣ ё ҳатто баста шудани каналҳои дастрасии банодир дасту панҷа нарм мекунанд, ки муҳимтарин онҳо Австралия ва Чин ҳастанд, бинобар ин метавон бо ҳадафгузории тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ ба хубӣ аз ин иддеа баҳра гирифт.