Июл 02, 2024 12:49 Asia/Dushanbe
  • Адои эҳтироми маҷлиси Ҳинд ба раисҷумҳур ва вазири хориҷаи Эрон

Порс тудей- Маҷлис аълои Ҳинд "Роҷё собо" rajya sabha дар оини бозгушоии худ, ёди шаҳид Сайидиброҳим Раисӣ-раисҷумҳур ва шаҳид Ҳусайн Амирабдуллоҳиён-вазири хориҷаи даргузаштаи Эронро гиромӣ дошт.

Маҷлиси аълои Ҳинд барои адои эҳтиром ба раҳбарони тозадаргузаштаи Эрон, Моловӣ ва Танзания кори худро бо чанд дақиқа сукут оғоз кард.

 Ба гузориши Порс тудей, Ҷогдип Донкор jagdeep dhankhar-муовини раисҷумҳури Ҳинд дар оини бозгушоии маҷлиси ин кишвар, бо ибрози тасалият ба миллат ва давлати Эрон гуфт: Миллати Ҳинд рӯзи ташйиъи пайкари мақомоти Эронро ба унвони азои миллӣ гиромӣ дошт.

 Донкор дар идома бо таъкид бар инки шаҳид Сайидиброҳим Раисӣ ва шаҳид Ҳусайн Амирабдуллоҳиён нақши асосӣ дар таҳким ва густариши равобити Ҳинд ва Эрон доштанд, афзуд: Маҷлиси Ҳинд бо хонаводаҳои доғдида, давлат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози ҳамдардӣ мекунад.

 Аъзои маҷлиси аълои Ҳинд сипас барои адои эҳтиром ба раҳбарони даргузашта ва кумакҳои муҳимми онҳо дар равобит бо Ҳинд чанд дақиқа сукут карданд.

 Равобити Эрон ва Ҳинд равобити таърихӣ аст, ки аз чанд вежагии муҳим аз ҷумла забони форсӣ ва фарҳанги шарқии илҳомгирифта аз равобити таърихӣ суд мебарад ва боис шудааст ба рағми фарозу фурудҳо, рӯ ба тавсеа бошад ва мақомоти ҳиндӣ аз ҳар ду ҳизби Кунгра ва ҳамчунин «Баҳоротё ҷоното»-ҳизби ҳоким, нигоҳи мутафовит барои густариш ва таъмиқи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дошта бошанд.

 Чанде пеш Рӯдро Говров Шерст rudra gaurav shresth-сафири Ҳинд дар Теҳрон бо таъкид бар инки дӯстии байни Эрон ва Ҳинд бисёр қавӣ аст, тасреҳ кард, ҳар фарде дар ин 2 кишвар қудратро дар даст мегирад, тарафдори ин дӯстӣ аст.

 

Барчасп