Ҷумҳурии Исломии Эрон такягоҳи ҷунбиши муқовимат аст
(last modified Sat, 29 Jun 2024 12:53:12 GMT )
Июн 29, 2024 17:53 Asia/Dushanbe
  • Ҷумҳурии Исломии Эрон такягоҳи ҷунбиши муқовимат аст

Саидҳасан Насруллоҳ гуфт, имрӯз миллатҳои мазлуму ҷунбишҳои муқовимат дар ҳамаи маёдин баъд аз Худо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раҳбари шуҷоъ ва ҳакими он оятуллоҳ Хоманаӣ такя мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои маркази Хуросони Разавӣ, паёми Саидҳасан Насруллоҳ, ки тавассути доктор Саидабдуллоҳ Сафайддин, намояндаи дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Конгресси байналмилалии шуҳадои мудофеъи ҳараму ҷабҳаи муқовимат дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ қироат шуд, овардааст: Мо миллатҳои мазлум дар ин минтақа, ки тавассути шайтони бузург, саҳюнист ва аёдии онҳо мавриди таъаддӣ қарор гирифтаем, имрӯза фурсати илоҳӣ бузурге насиби мо шуда, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо низоми муқаддас, мардумӣ, фидокор ва раҳбарии бузург, шуҷоъ, ҳаким ва устувораш ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ аст, ки парчамдори дифо аз уммат ва муқаддасот ва каромат дар руёруе бо мустакбирон ва ғосибон аст.

Вай дар бахши дигаре аз паём худ овардааст: Ҳаррӯз дастовардҳо ва ҳосили хуни шуҳадоро дар баробари худ ҳозир мебинем ва дар муқобили хунҳо пирӯз бар шамшери золимон, тоғуту ишғолгарон қарор дорем ва ин шуҳадо пирузӣ ва шаҳодатро бо ҳам ба даст овардаанд. Ӯ таъкид кард, ба шуҳадо ва дастовардҳояшон мубоҳот ва ба хонаводаи шуҳадо ифтихор мекунем, ки бо ризо ба қазои илоҳӣ ба шаҳодати азизони худ ифтихор мекунанд ва ин рафтори ҷиҳодӣ ва маънавӣ муҷиби ангезаи қавӣ бисёре аз афрод ва манбаи рўҳбахш барои ҳамаи ҳозирон дар маёдин набард будааст.