Оғоз ба кори намоишгоҳи “Элекомп-1403” дар Теҳрон
(last modified Sat, 29 Jun 2024 15:44:02 GMT )
Июн 29, 2024 20:44 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори намоишгоҳи “Элекомп-1403” дар Теҳрон

Порс Тудэй – 27-умин намоишгоҳи байналмилалии электронӣ, компютер ва тиҷорати электронӣ (Элекомп 1403) аз имрӯз (шанбе) дар маҳали доимии намоишгоҳҳои байналмилалии Теҳрон барпо шуд.

“Элекомп” ба унвони бузургтарин рӯйдоди фанноварии иттилооту иртибототи Эрон, арсаи тарроҳӣ, сохт, тавлиду пуштибонӣ аз маҳсӯлот, хадамот, муҳтаво ва роҳкорҳои саноати электронӣ, компютер ва диҷитал аст.

Шиори 27-умин намоишгоҳи “Элекомп-1403”, ки то рӯзи сешанбе (2 июл ) идома дорад, «ҳама бо ҳам барои иқтисоди диҷитал» аст.

Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Тайван, Сурия, Чин, Покистон ва Туркия, аз ҷумлаи кишварҳои ҳозир дар ин давра аз намоишгоҳ ҳастанд.

Дар повюн(иқоматгоҳи-ғурфа)-и ширкатҳои донишбунёни эронӣ низ, 19 ширкати донишбунён ба муаррифии маҳсӯлоту тавонмандиҳои худ дар ҳавзаи байналмилалии электронӣ, компютер ва тиҷорати электронӣ мепардозанд.