Ҳушдори дубораи Эрон дар бораи ҳузури террористҳо дар муноқишаи Қарабоғ
(last modified Mon, 02 Nov 2020 13:05:12 GMT )
Ноябр 02, 2020 18:05 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар бораи ҳузури террористҳо дар марзҳои шимолиаш бо касе шухӣ надорад
    Эрон дар бораи ҳузури террористҳо дар марзҳои шимолиаш бо касе шухӣ надорад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ҳушдори Теҳрон мабнӣ бар ҳузури террористҳо дар муноқишаи Қарабоғ дар марзҳои шимолии ин кишвар гуфт: Ҷумҳурии исломӣ дар ин хусус бо касе шухӣ надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон, Саиди Хатиб‌зода- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорон, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд гуфт: Нигаронии Теҳрон дар бораи ҳузури террористҳо дар минтақа на танҳо ба Боку ва Йереван балки ба пойтахтҳои дигар ҳам эълом шудааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи тарҳи Эрон барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ ва посухи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ба он ҳам ибрози умедворӣ кард: Дар ҳафтаҳои оянда қадаме барои сулҳ ва ҳалли ин муноқиша бардошта шавад.

Хатибзода дар вокуниш ба иддаои амрикоиҳо дар бораи дахолати киберии Эрон ва Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико афзуд: Таърих нишон додааст, чи кишваре бо дахолат дар умури дохилии дигар кишварҳо иқдом ба кудета карда ва раисони кишварҳоро тағйир дода ва нерӯҳои ҷосусии худро ба дигар кишварҳо сафарбар кардааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки Теҳрон алоқае барои мудохила дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико надорад таъкид кард: Ин мардуми Амрико ҳастанд, ки бояд интихоб кунанд.

Бештар бихонед: