Тазриқи гази гексафториди уран ба сентрифуга, оғози марҳалаи тозае аз ғанисозӣ
Ҷумҳурии Исломии Эрон 8 майи 2019, як сол пас аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва пас аз исботи нокоромадии роҳкорҳои пешниҳодии Аврупо барои тазмини манофеъи Эрон дар БарҶом тасмим гирифт, бахше аз тааҳҳудоти БарҶом-ии худро бар асоси бандҳои 26 ва 36 ин тавофуқ дар як иқдоми замонбанди шуда тайи 5 марҳала ба ҳолати таълиқ дар оварад.
Иқдомот шомили убӯр аз сақфи 300 килограмии захоири уран ғанӣ шуда 3.67 дарсад, афзоиши сатҳи ғанисозӣ ба 4.5 дарсад ва бардоштани маҳдӯдиятҳо дар иртибот бо фаъолиятҳои таҳқиқ ва тавсеа будааст. Бар асоси гоми панҷум ва ниҳоии таваққуфи иҷроии довталабона тааҳҳудоти ҳастаӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон охирин маврид аз маҳдӯдиятҳои амалиётии худ дар БарҶом, яъне «маҳдӯдият дар теъдоди сентрифугаҳо»-ро канор гузошт.
Акнун тозатарин гоми ҳастаии Эрон, оғози марҳалаи тозае аз ғанисозӣ бо тазриқи гази гексафториди уран ё UF6 ба сентрифуга аст.
Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена дар мусоҳибае дар ин бора гуфт, дар Натанз илова бар сентрифугаҳои насли як, як занҷираи 174 тоӣ аз сентрифугаҳои ҷадиди IRM Two низ ба ғанисозӣ хоҳад пардохт.
Сиёсати як ҷониба ва ғайримантиқии Амрико дар нақзи БарҶом ва амал накардани аврупоиҳо ба тааҳҳудоти БарҶом-ӣ, Эронро ба ин натиҷа расондааст, ки набояд мунтазири ваъдаҳои бидуни пуштивона бошад. Ҳамон гуна, ки сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена тасреҳ кардааст, дар БарҶом дар канори рафъи таҳримҳо, мақӯлае низ ба номи осори рафъи таҳрим дар ҳавзаҳои мухталиф вуҷӯд дорад, яъне ин ки Эрон бояд амалан ин осорро бибинад.
Агар онҳо хоҳони баргаштпазирии иқдомоти ҷубронии Эрон ҳастанд, ҳатман ба тааҳҳудоти худ аз тариқи иъодаи тавозун ба БарҶом рафъи таҳримҳо амал кунанд.
Маҳадӣ Фазоилӣ, коршиноси масоили байналмилал мегӯд:"тасмиме, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шӯрои олии амнияти миллӣ дар моҳи майи 2019 гирифтанд бисёр дуруст, маъқӯл ва дар чорчӯби БарҶом буд. Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдомоти мухталифиро барои анҷом додан дорад, масали шурӯи муҷаддади фаъолиятҳо дар таъсисоти ҳастии Фурду ё афзоиши сатҳи ғанисозии афзоиши ҳаҷми захоири урани ғанишуда".
Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон, чанде қабл дар маросими роҳандозӣ ва рӯнамоии занҷираи 30 тоии сентрифугаи пешрафтаи насли ҷадиди "IR6" дар муҷтамаъи ғанисозии Натанз гуфт, ин сентрифугаҳо, 10 баробари сентрифугаҳои насли аввал метавонанд ғанисозии уранро анҷом диҳанд.
Тибқи гузориши ожонс, фаъолиятҳои ғанисозӣ дар Натанз ва Фурду, аз ҷумла бо мошинҳои ҷадид ва ғанисозӣ то 4.5 дарсад ва фаротар аз 3.67 дарсад муқарар дар БарҶом, ҳамчунон идома дорад. Эрон қабл аз БарҶом се баробари мизони феълӣ ва ҳудӯди 36 баробари мизони муқарар дар БарҶом урани ғанӣ шуда дошт, аммо ҳечгоҳ аз фаъолиятҳои сулҳомез мунҳариф нашудааст. Ҷумҳурии исломии Эрон, болотарин сатҳ аз ҳамкорӣ ва пазириши бозрасиҳои ожонс дар миёни кишварҳои узвро дорад ва солона беш аз 33 дастрасии такмилӣ аз Эрон анҷом мешавад.
Афзоиши сатҳи ғанисозӣ, вокунише бар асоси ҳуқуқи Эрон дар чорчӯби БарҶом аст, ки дар айни ҳол нишон медиҳад, Эрон наметавонад аз як тараф мутааҳҳид ба БарҶом ва аз сӯи дигар назорагари таҳримҳо ва тазъифи сиёсӣ-иқтисодии худ бошад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Оғози амалиёти газдеҳии сентрифугаҳои пешрафтаи насли ҷадид дар муҷтамаъи ғанисозии Натанз
- Оғози ғанисозӣ ва тавлиди дубораи уран дар таъсисоти ҳастаии Фурду
- Зариф: Тими “Б” бо таваҳҳуми адами ғанисозии Эрон дар ҳоли фиреб додани Трамп аст