Сафорати Эрон дар Тоҷикистон: Террори шаҳид Фахризода нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилал аст
(last modified Mon, 30 Nov 2020 14:37:45 GMT )
Ноябр 30, 2020 19:37 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Эрон дар Тоҷикистон террори шаҳид Фахризодаро маҳкум кард
    Сафорати Эрон дар Тоҷикистон террори шаҳид Фахризодаро маҳкум кард

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон террори донишманди ҳастаии Эронро мисдоқи ошкори терроризми давлатӣ ва нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилал хонд.

Ба гузориши ИРНА, Сафорати Эрон дар Тоҷикистон рӯзи душанбе бо судури баёнияе зимни маҳкум кардани террори шаҳид Муҳсини Фахризода, донишманди мумтози ҳастаӣ ва дифоии Эрон эълом кард: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд фориғ аз стандартҳои дугона, ин иқдоми террористии ваҳшиёнаро маҳкум кунад”.

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон таъкид кард: “Душманони қасамхурдаи Эрони исломӣ ва бониёну омирони ин амали террористии нангин бидонанд, ки ин қабил ҷиноятҳо заррае аз азму иродаи ҷиддии миллати бузурги Эрон дар масири рушди шитобандаи илмӣ ва фатҳи қуллаҳои ифтихор нахоҳад кост ва талоши донишмандону ҷавонони эронӣ барои пешрафти бештар дар тамоми ҳавзаҳои илмӣ бо қуввату суръат идома хоҳад ёфт”.

Рӯзи ҷумъаи 27 ноябр доктор Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаии Эрон дар наздикии Теҳрон террор шуд ва ба шаҳодат расид.

 

Бештар бихонед: