Июн 11, 2024 14:18 Asia/Dushanbe
  • Истиқбол аз ғурфаи Эрон дар Намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ва ғизоҳои миллӣ дар Тоҷикистон

Ғурфаи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ва ғизоҳои миллӣ мавриди таваҷҷуҳ ва истиқболи вежаи боздидкунндагон қарор гирифт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзи душанбе 10 июн дар ҳошияи севумин конфронси байналмилалии сатҳи олии даҳаи байналмилалии иқдоми «Об барои тавсеаи пойдор, 2018-2028», Намоишгоҳи ҳунарҳои дастӣ ва ғизоҳои миллӣ бо мушорикати теъдоде аз сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон ва намояндагоне аз вилоёт ва шаҳрҳои мухталифи ин кишвар дар парки Ҷавонони шаҳри Душанбе бо ҳузури муовини нахуствазир, вазири умури хориҷа, вазири фарҳанг ва намояндагони кишварҳо ва созмонҳои ширкаткунанда дар конфронси мазкур баргузор шуд.

 Ҳамчунин тайи ибтикоре номҳои боздидкунндагон тавассути яке аз хушнависони ҳунарманди Эрон ба расмулхати форсӣ навишта ва ба боздидкунндагон эҳдо мешуд, ки бисёр мавриди истиқбол қарор гирифт.

Image Caption

 

 

Барчасп