Парвози паҳподи ношинос дар имтидоди марзҳои Афғонистон ва Тоҷикистон
Манобеъи миллӣ дар шимолу шарқи Афғонистон ба расонаҳо гуфтаанд, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин бар фарози марзи муштараки ин кишвар ва Тоҷикистон гаштзанӣ мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , расонаҳои Афғонистон ба нақл аз манобеъи маҳаллӣ гузориш доданд паҳподҳои ношинос бар фарози шаҳри Толиқон-маркази вилояти Тахор дар шимолу шарқи Афғонистон ва шаҳристонҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон гаштзанӣ мекунанд.
Гуфта мешавад паҳподи бидуни сарнишин аз нимашаби гузашта то зӯҳри имрӯз (5 тирамоҳ) бар фарози осмони Тахор ва шаҳристонҳои марзии Тоҷикистон мушоҳида шудааст.
Бар асоси гузоришҳо, шаҳристонҳои «Дарқад», «Дашти қалъа», «Хоҷа Баҳоуддин», «Чоҳоб» ва «Хоҷағор»и вилояти Тахор бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд.
То кунун равшан нест, ки ин ҳавопаймо аз кадом кишвар вориди ҳарими ҳавоии Афғонистон шудааст.