Июн 27, 2024 18:01 Asia/Dushanbe
  • Қарор гирифтани Эрон дар рутбаи ҳафтуми ҷаҳон дар рушди тавлиди барқ

Вазири неруи Эрон аз рутбаи ҳафтуми Эрон дар ҷаҳон ва севуми Осиё дар ҳавзаи рушди тавлиди барқ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Алиакбари Меҳробиён-вазири неруи Эрон рӯзи панҷшнба дар маросими ифтитоҳи 42 тарҳ ва проекти об ва барқи чаҳор устони кишвар бо ҳузури Муҳаммад Мухбир-сарпарасти раёсатҷумҳурти Эрон, ки ба суратт бархат дар маҳалли Вазорати неру баргузор шуд, бо баёни инки талош шуд то зарфияти тавлиди барқи кишвар афзоиш ёбд, гуфт, илова бар афзоиши рушди тавлиди барқ, мавзӯъи таъмир ва тавсеаи неругоҳҳои кишвар низ бо такя бар дониш ва тавони мутахассисони эронӣ иҷроӣ шуд.

 Меҳробиён аз расидани зарфияти тавлиди б барқи Эрон ба 11 ҳазор мегаватт дар рӯзҳои гарми сол хабар дод ва афзуд, фаъол шудани ин амр кумаки вежае ба шабакаи барқи саросари Эрон кард, ки нишон аз омодагии ҳаддиаксарии саноъати неругоҳии Эрон дорад.

 Вазири неруи Эрон ҳамчунин дар бахши дигаре аз суханони худ дар хусуси барқ ва мавзӯъи мудирияти масрафи бахшҳои мухталиф, бо баён инки Эрон дар ҳоли ҳозир рутбаи аввали тавлиди барқи минтақаи ғарби Осиёро дар ихтиёр дорад ва дар Осиё низ болотар аз кишварҳое монанди Япония ва Кореяи ҷанубӣ дар ҷойгоҳи севум аст, гуфт, дар канор иқдомот тавсеаӣ ва афзоиши зарфият, барномаҳои ҷомеъе низ бо ҳадафи мудирияти саҳеҳи масраф дар бахшҳои мухталиф иҷроӣ шуд.

 

Барчасп