Ҳузури Раҳбари инқилоб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии чаҳордаҳум
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i115552-Ҳузури_Раҳбари_инқилоб_дар_интихоботи_раёсати_ҷумҳурии_чаҳордаҳум
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар нахустин лаҳазоти оғози интихоботи чаҳордаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ, раъйи худро ба сандуқ андохтанд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 28, 2024 10:31 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар нахустин лаҳазоти оғози интихоботи чаҳордаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ, раъйи худро ба сандуқ андохтанд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Раҳбари инқилоб дар суханоне фармуданд: Мо тавсия мекунем, мардум масъалаи раъй додану ҳузур дар ин озмуни муҳими сиёсиро ҷиддӣ бигиранд ва ширкат кунанд.

Эшон афзуданд: Рӯзи интихобот барои мо эрониҳо рӯзи нишоту шодӣ аст. Ҳузури пуршӯри мардум ва афзоиши раъйдиҳандагон барои ҷумҳурии исломӣ ниёзи қатъӣ аст.

Раҳбари инқилоб гуфтанд: Дар зоти ин низом ҳузури мардум лиҳоз шудаву давоми ҷумҳурии исломӣ ва иззату обрӯи он дар дунё ба ҳузури мардум бастагӣ дорад.

Мардум дар раъй додан тардид накунанд.