Сарпарасти Вазорати дифоъи Эрон: Иттилоъоти гаронбаҳое аз душман ба даст овардаем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125554-Сарпарасти_Вазорати_дифоъи_Эрон_Иттилоъоти_гаронбаҳое_аз_душман_ба_даст_овардаем
Порс Тудей:Сарпарасти Вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Иттилоъот ва таҳлилҳои гаронбаҳо ва дақиқе аз зарфиятҳои фановаронае, ки дар ин ҷанг ба кумаки душман омаданд, дар ихтиёр дорем.
(last modified 2026-09-03T10:55:48+00:00 )
Сентябр 03, 2026 15:51 Asia/Dushanbe
  • Генерал Ибни Ризо-сарпарасти Вазорати дифоъи Эрон
    Генерал Ибни Ризо-сарпарасти Вазорати дифоъи Эрон

Порс Тудей:Сарпарасти Вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Иттилоъот ва таҳлилҳои гаронбаҳо ва дақиқе аз зарфиятҳои фановаронае, ки дар ин ҷанг ба кумаки душман омаданд, дар ихтиёр дорем.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, генерал Ибни Ризо асри чаҳоршанбе дар дидори сарлашкар Ҳотамӣ-фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷамъе аз фармондеҳони олирутба, ҷонишинони неруҳои мусаллаҳи Эрон аз ҷумла Артиш, Сипоҳи посдорон ва Фароҷоро барги заррине дар таърихи дифоъи Эрон донисту гуфт: Ин дифоъ ва истодагӣ дар таърих ҷовидон хоҳад монд. У бо ишора ба тамоюлҳои саноатӣ ва технологии ҷанги ахири Амрико зидди Эрон изҳор дошт: Таҳқиқот ва пурсишҳо аз майдони ҷанг нишон медиҳанд, ки душман бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баландтарин сатҳи технология мубориза бурд ва ин ҷанг аз нигоҳи технологӣ барои Эрон дастовардҳо ва дарсҳои муҳим овард.Бо таъкид бар он ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бо такя ба саноати дифоии маҳаллӣ, олимон, элитаҳо, муҳандисони ҷавон ва имконоти дохилӣ аз ин сатҳи технология гузашт, Генерал Ибни Ризо гуфт: Ин ҷанг нишон дод, ки ҳатто дар шароити таҳримҳо ва фишорҳои густурда, бо такя ба қудрати дохилӣ ва имконоти дохилӣ, метавон дар муқобили пешрафтатарин технологияҳо истодагарӣ кард ва пирӯз шуд