Июн 28, 2024 20:05 Asia/Dushanbe
  • Паёмадҳои ҷанги ниёбатии Амрико алайҳи Русия дар Украина
    Паёмадҳои ҷанги ниёбатии Амрико алайҳи Русия дар Украина

Порс Тудей. Яке аз мақомоти низомии Кореяи Шимолӣ эълом кард, идомаи кумакҳои низомии Амрико ба Украина метавонад ба як ҷанги ҷаҳонии ҷадиди мунҷар шавад.

Ба гузориши “Порс Тудей”, ба нақл аз Ирна, Пок Ҷунг Чун, аз мақомҳои баландпояи артиши Кореяи Шимолӣ гуфт, Русия ҳаққи интихоб барои ҳар навъ ҳамлаи талофиҷӯёна дар Украинаро дорад.

Ин мақоми низомии Кореяи Шимолӣ афзуд, фишори Амрико ба Украина барои идомаи як ҷанги ниёбатӣ алайҳи Русия метавонад ба посухи қавитари Маскав ва ҷанги ҷаҳонии ҷадид мунҷар шавад.

Ким Конг Ил, муовини вазири дифои Кореяи Шимолӣ низ изҳор дошт, ирсоли як нови ҳавопаймобари амрикоӣ ба шибҳи ҷазираи Корея, намоиши қудрати хатарноке аст ва дарҳоро ба рӯи намоиши боздорандагии ҷадиду чашмгири Пхенян боз мегузорад.

Мақомҳои неруи дарёии Амрико эълом карданд, нови ҳавопаймобари «Теодор Рузвелт» барои ширкат дар размоиши низомии муштарак бо Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон, авохири моҳи ҷории июн вориди бандари Бусан шудааст.

Аз сӯи дигар, Маҷлиси намояндагони Амрико 20 апрел ба иттифоқи оро бастаи 60 миллиарду 800 миллиондолларии кумаки низомӣ ба Украинаро тасвиб кард.

Бо тӯлонӣ шудани ҷанг миёни Русия ва Украина ва афзоиши ҳазинаҳои он, нигарониҳое дар бораи густариши ҷанг ба хориҷ аз марзҳои Украина ба вуҷуд омада ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ба сафи мухолифони ҳимоят аз Украина пайвастанд, вале ҳамчунон ин ҷанги хунбору пурҳазина бо ҳимоятҳои Амрико аз Украина идома дорад.

 

Барчасп