Июн 29, 2024 11:28 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии густурдаи яманиҳо дар ҳимоят аз мардуми борикаи Ғазза

Мардуми Яман дар роҳпаймоии густурдае бори дигар ҳимояти худ аз мардуми Фаластинро эълом карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,роҳпаймоикунандагони яманӣ дар баёниае, пойдории мардуми Фаластин ва муборизони он дар борикаи Ғазза ва каронаи бохтарии рӯди Урдунро мавриди тамҷид қарор доданд ва бар мавзеъи собити имонӣ ва усулӣ дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва муборизонаш дар Ғазза ва кулли Фаластин таъкид карданд.

 Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоӣ амалиёти муштараки неруҳои мусаллаҳи Яман бо бародарони муқовимати исломии Ироқ, ки баровардакунандаи омоли миллатҳои арабӣ дар ваҳдат ва ҳамкорӣ астро низ арҷ ниҳоданд.

Мардуми Яман дар ин роҳпаймоӣ аз ҳама расонаҳои арабӣ ва исломӣ хостанд, ки ба нақш ва масъулияти худ дар расво кардани ҷиноёти душмани саҳюнист ва ҳомиёни ғарбии он ва ҳамчунин ба масъулияти худ дар қиболи Ғазза амал карда ва душманонро таҳрим кунанд.

 Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, дар пайи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун беш аз 37 ҳазору 700 нафар ба шаҳодат расидаанд.

 

Барчасп