Июн 29, 2024 11:04 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Мудофеъони ҳарам як падидаи шигифтангез ҳастанд/ ҳаракати мудофеъони ҳарам Эрон ва минтақаро наҷот дод

Матни баёноти Раҳбари инқилоб дар дидори аъзои ситоди баргузории Кунграа байналмилалии шуҳадои муқовамат ва мудофеъи ҳарам ( зиёратгоҳи аҳли байти Расули Худо (с) дар Сурия Ироқ )-ро, ки дар таърихи 19 июн баргузор шуда буд, субҳи имрӯз шанбе дар маҳалли баргузории ин кунгра дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ мунташир шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор , мудофеъони ҳарамро як падидаи шигифтангез ва муҳимм ва яке аз мазоҳири ҷаҳоннигарии низоми Ҷумҳурии исломӣ хонданд ва таъкид карданд: Ҳузури ҷавонони бо миллиятҳои мухталиф дар қолаби мудофеъони ҳарам нишон дод Инқилоби исломӣ баъд аз гузашти беш аз чаҳор даҳа, қудрати бозофаринии ҳамон шӯру ҳамосаи аввали инқилобро дорад.

 Раҳбари инқилоби исломӣ бо гиромидошти ёду хотираи ҳама шуҳадои мудофеъи ҳарам ва ҷабҳаи муқовимат ба вежа сардори шаҳид Сулаймонӣ, дифоъ аз ҳарамро як ҷанбаи намодин дар дифоъ аз тафаккур ва ормонҳои соҳиби он ҳарам ва аҳли байт (а) донистанд ва гуфтанд: Ормонҳои баланди мактаби аҳли байт (а) ҳамчун адолат, озодӣ, мубориза бо қудратҳои золим ва «исору фидокорӣ дар роҳи Ҳақ», ҳамвора дар миёни виҷдонҳои пок толиб доранд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳаракати донишҷуёни донишгоҳҳои Амрико дар дифоъ аз мардуми Ғаззаро намунае аз вуҷуди виҷдонҳои пок дар дунё баршумурданд ва афзуданд: Муҳим ин аст ин паёми дифоъ аз ҳарам, ки дар воқеъ дифоъ аз ормонҳои инсоният аст, ба гӯши виҷдонҳои пок дар дунё расонда шавад.

 Ишон яке дигар аз паҳлуҳои мавзӯъи дифоъ аз ҳарамро ҷаҳоннигарии инқилоби исломӣ донистанд ва хотирнишон карданд: Ҳар ҳаракат ва наҳзат ва инқилобе, ки аз муҳити байналмилалӣ ва минтақаии худ ғофил шавад, қатъан зарба хоҳад хӯрд, ҳамон гуна, ки ҳаракати миллати Эрон дар қазияи машрута ва дар қазияи миллӣ шудани санъати нафт ба далели саргарм шудан ба масоил дохилӣ ва ғафлат аз дахолатгарони хориҷӣ осеб дид ва ба саранҷом нарсид.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳузури размандагони мудофеъи ҳарам дар кишварҳое, ки душман барои онҳо нақшаи бисёр хатарнокеро тарроҳӣ карда буд, аз мазоҳири ҷаҳоннигарии инқилоби исломи донистанд ва гуфтанд: Душман дар тарроҳии худ қасд дошт бо тасарруфи минтақа ва ҳамзамон бо ворид кардани фишорҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ва ҳамчунин «ақидатӣ ва мазҳабӣ» ба Эрон, низоми исломиро аз байн бибарад, аммо ҷамъе аз ҷавонони бо имон, бо марказияти Ҷумҳурии исломӣ, ин нақшаи пурхарҷи истикборро ба шикаст кашонданд.

 Ишон таъкид карданд: Бо чунин нигоҳе бояд гуфт ҳаракати мудофеъони ҳарам Эрон ва минтақаро наҷот дод.

 Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба моҳияти хашин, бераҳм ва ғайриинсонии ташкилоти ДИИШ ва гурӯҳҳои ҳамсу бо онки бо ҳимоятҳои таслиҳотӣ ва таблиғотии Амрико ва Ғарб шакл гирифта буданд, афзуданд: Ҳадаф аз ин ташкилот, ноамн кардани минтақа ва ба вежа Эрон буд, аммо мудофеъони ҳарам ин хатари бузургро низ хунсо(беасар) карданд

 

Барчасп